2005 Naison Group
free counters



Rambler's Top100

Рейтинг@Mail.ru

SpyLOG


ТАЪРИХИ ТОЧИКИСТОН

Ачдодони точикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Точикистон ва дигар чумҳуриҳои Осиёи Миёна сукунат доштанд. Соли 1980 дар вилояти Кўлоб, наздикии Ховалинг ҳангоми ҳафриёти археологй бозёфтҳое ба даст омаданд, ки далели ҳанўз ним миллион сол пеш дар замини Точикистон зиндагй кардани одамони ибтидой буданд. Дар кўҳсори Точикистон ёдгориҳои давраи мезолит ва неолит ёфт шуданд. Ду қабати поёнии мадании бошишгоҳи Тутқавул, наздикии Норак (ҳазораҳои Х-VII то мелод) ба давраи мезолит мансубанд. Ҳанўз дар асри санг маскуншавии баландкўҳҳо, аз чумла Помир оғоз мегардад. Дар Помири шарқй дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр қароргоҳи шикорчиёни кўчманчй - Ошхона ифтитоҳ гардид. Дар мағораи Шахта тасвирҳои рўисангии мансуб ба неолити ибтидой ёфт шуданд. Дар онҳо ҳайвоноти тирхўрда ва шикорчиён тасвир шудаанд.

Барои кўҳсор ва доманакўҳҳои Точикистон маданияти давраи неолит хос буд, ки он маданияти ҳисор номида шудааст. Намояндагони ин маданият, ба ақидаи баъзе олимон, бо чорводорию зироаткорй машғул буданд. Айни замон шикор дар хочагии онҳо нақши калон мебозид. Дар маҳалли биёбонии Қайроққум, шимоли Точикистон боқимондаҳои сершумори қароргоҳҳои аҳди биринчй таҳқиқ шуданд. Аксари онҳо ба охири ҳазораи III ва аввали ҳазораи II пеш аз мелод мансубанд. Намояндагони маданияти қайроққуми аҳди биринчй асосан бо чорводорй машғул буданд, вале айни замон аз зироату кори маъдан - пўлодгудозию кулолй низ огоҳй доштанд. Дар чануби Точикистон, дар поёноби дарёи қизилсу, Вахш ва Кофарниҳон маданияти дигар, маданияти бишкентии аҳди биринчй бо зироаткорй, қароргоҳҳои мустаҳкам, дарачаи баланди истеҳсоли сафолот вусъат ёфта буд. Ин маданият ба ёдгориҳои аҳди биринчии Туркманистони чанубй ва Осиёи чанубу ғарбй наздик аст.
Дар нимаи аввали ҳазораи I то мелод ачдодони точикони ҳозира - бохтариҳову суғдиён аҳолии асосии давлатҳои қадимтарини ғуломдории Осиёи Миёна - Бохтар ва Суғд буданд. Бохтар қисмҳои марказй, чанубй ва шарқии Точикистони ҳозира (чануб ва чанубу шарқтар аз қаторкўҳҳои Ҳисор) ва Суғд - ҳавзаи Зарафшон, Қашқадарё ва музофоти шимолии қаторкўҳҳои Ҳисорро фаро мегирифтанд. Аҳолии қадимаи водии Фарғона (музофоти Даван), ҳамчунин қабилаҳои сершумори кўчманчй ва нимкўчманчии сакҳо - сокинони Помир, Тиёншон ва Сирдарё ачдодони точикон буданд. Забони ин халкиятҳо ба шохаи шарқии гурўҳи забонҳои эронй тааллуқ дошта, аз забони точикии дертар ташаккулёфта фарқ мекарданд. 
Дар асри VI пеш аз мелод шоҳ Куруш Бохтар ва Суғдро забт намуда, онҳо ба давлати форси ҳахоманишиён дохил мегарданд. Дар асри VI пеш аз мелод онҳо як қисми давлати Искандари Мақдунй шуда, аз асри III пеш аз мелод ба давлати ворисони ў - салчуқиҳо дохил мегарданд. Баъдтар аз он салтанати Юнону Бохтар чудо мешавад. Миёнаҳои асри 11 пеш аз мелод дар натичаи муборизаи озодихоҳонаи бохтариҳову суғдиён ҳокимияти мақдуниҳо дар Юнону Бохтар сарнагун мешавад. Тохариҳои ба Бохтар якчоя бо қабилаҳои массагетҳову сакҳо омада дар озодкунии мамлакат ва ҳаёти минбаъдаи сиёсй нақши калон бозиданд. Аз асри IV сар карда Бохтар Тохаристон номида мешуд. Тохариҳо чун чузъи асосй ба халқияти нав ташаккул ёфтаистодаи точикон дохил мегарданд. Сипас Тохаристон якчоя бо қисми зиёди Осиёи Миёна, қаламрави Афғонистони ҳозира ва Ҳиндустони шимолй дар ҳайати давлати бузург бо сарварии сулолаи кўшониён буд. Ин замони нашъунамои иқтисодиёту маданият, ривочёбии алоқаҳо бо Аврупои шарқй, Рум, Чин ба ҳисоб меравад. Ёдгориҳои бостоншиносии замони кўшониён пайвастани санъати осиёмиёнагй, юнонй ва ҳиндиро инъикос менамоянд.
Дар асрҳои VI-V ба Суғд ва Тохаристон қабилаҳои даштнишини ҳафтолиён меоянд, аз асри VI бошад дар ин сарзамин ҳокимияти Ҳоқонии турк барқарор мегардад. Дар асрҳои V-VI раванди феодализатсия торафт бештар вусъат меёбад. Аз асри VI то нимаи дуюми асри Х1Х дар қаламрави Точикистони ҳозира муносибатҳои феодалй бо то андозае нигоҳ дошта шудани зуҳуроти боқимондаи кўҳна, нақши калони чамоат, ғуломдорй ҳукмрон буданд. Болоравии иқтисодиёт, ки асрҳои VI-VII, қабл аз истилои араб ба амал меомад, боиси боз ҳам бештар ба табақаҳои ичтимой чудо шудан мегардад. Аъёну ашрофи заминдор обу заминҳои обёришавандаро азони худ мекарданд.
Баробари болоравии иқтисодиёт маданият пеш рафта, шаҳрҳо тараққй мекарданд. Панчакент яке аз марказҳои маданияти ибтидоии асримиёнагии Осиёи Миёна буд. Қасру иншоотҳои мазҳабй, толорҳои бошукўҳ, ҳайкалу мусаввараҳои рангин бо сужетҳои оиди мавзўи эпосҳо аз дарачаи баланди маданияти бадей, санъат ва меъмории он замон далолат медиҳанд. Ёдгории катибаҳои Суғд, ки дар вақти кофтукови Калъаи Муғ ёфт шуданд, ба аввалҳои асри VIII мансубанд. Қалъаҳои феодалони асри миёнаи ибтидой хеле мустаҳкам карда шуда буданд (масалан Қалъаи Болои шаҳри Исфара).
Аз нимаи дуюми асри VII суғдиёну тохариҳо чун халқҳои Осиёи Миёна муқобили ғосибони араб мубориза мебурданд. Вале ханўз то миёнаҳои асри VIII арабҳо Осиёи Миёнаро истило намуда, ба ҳайати хилофат дохил карданд. Халқҳои Осиёи Миёна ба зўран чорй карда шудани дини ислом, забони арабй сахт муқобилият нишон медоданд, бар зидди ҳокимони араб исён мебардоштанд. Алалхус шўриш таҳти роҳбарии Муқаннаъ (солҳои 770-780) хеле тўлонй буд. Истилогарон ёдгориҳои маданиро несту нобуд мекарданд, шаҳрҳоро харобу валангор месохтанд, аз аҳолй андозҳои сершумори беинсофона ситонида, ба корҳои ичборй чалб мекарданд.
Асрҳои IX-X сарзамини ҳозираи Точикистон ба ҳайати давлати бузурги Сомониён дохил буд, ки он вилоятҳои калони таърихию маданй - Мовароуннаҳр (байни дарёҳои Ому ва Сир) ва Хуросонро (сарзамини чанубу ғарбии дарёи Ому) ташкил мекард.
Дар ин давра Самарқанду Бухоро марказҳои калонтарини касбу ҳунар ва савдо, ҳамчунин илм, адабиёт ва санъат буданд. Дар доираи давлати Сомониён раванди ташаккулёбии халқияти точик анчом ёфта, дар он паҳншавии забони точикии ғарби эронии то ин замон бавучудомада нақши муҳим мебозид. Он ба тадрич забонҳои маҳаллии шарқи эрониро танг карда мебаровард ва дар аҳди Сомониён забони ҳукмрон гардид. Маданият, илм, адабиёт ва санъат бо ҳамин забон нашъунамо меёфт.
Дар вилоятҳои назди Помир равандҳои этникй андаке бо роҳи дигар пеш мерафтанд. Бинобар чудоии чуғрофй ва як қатор сабабҳои ичтимоиву иқтисодй ин вилоятҳо то асри Х дар гўшаю канори ташаккули этникии точикон боқй монданд. Аз ҳамин сабаб дар инчо халқиятҳои мустақили дорои забони худ ба вучуд омаданд, ки он аз забони точикии шарқи эронй фарқият дошт. Дар маданияти хосаи аҳолии Помири ғарбй таъсиру нуфузи Тохаристон, алалхусус маданияти давраи кўшониён хеле назаррас аст. Маскуншавии водиҳои душворгузари Панчи боло дар шакли як қатор мавчҳои мухочиратй ба амал меомад, ки он аз чониби ғарб, аз қаламрави Афғонистони ҳозира, Эрон ва ноҳияҳои чанубии Точикистон паҳн мегардид.
Асрҳои Х-Х111 сарзамине, ки точикон сукунат доштанд, ба ҳайати чандин давлатҳои Осиёи Миёна, мисли ғазнавиҳо, қарохониҳо, ғуриҳо, қарохитоиҳо дохил буд. Ҳучуми қўшунҳои Чингизхон дар асри Х111 ба муқобилияти сахти ҳамаи халқҳои Осиёи Миёна дучор омад. Истилогарон шаҳру деҳот, иншоотҳои обёрикуниро ба харобазор табдил дода, аҳолиро қир мекарданд. Сарзамини Точикистон ба улуси Чағатои давлати муғулҳо дохил карда шуд.
Аз охири асри Х111 ба доираи аҳолии муқимии точикон то андозае гурўҳҳои этникии туркҳо ва турку муғулҳо сар медароранд. Дар баъзе ноҳияҳо ин ҳолат боиси туркгардонии точикони водинишин мешавад. Дар манотиқи кўҳй ва шаҳрҳо ин раванди туркгардонй камтар зуҳур меёфт.
Дар асри XIV Точикистон ба ҳайати давлати бузурги Темур ва дар асри XV ба қаламрави ворисони ў - темуриён меафтад, ки он аз Ҳинд то Волга ва аз Сурия то Хитой доман паҳн карда буд. Болоравии маданияти давлати темуриён бо фаъолияти набераи Темур - Улуғбек вобаста аст, ки дар нимаи аввали асри XV хукмронй мекард. Нашъунамои илм, алалхусус астрономия, эчодиёти олимон, адибону рассомони машҳур, ки дар Самарқанду Ҳирот зиндагй мекарданд, ба ҳамин давра мансуб аст. Ва дере нагузашта маркази давлат ба ончо, яъне ба Самарқанд гузаронида мешавад.
Дар асри XVI қаламрави Точикистон ба давлати ўзбекони шайбонй бо пойтахташ Бухоро дохил мешавад. Дар ин давра хонигарии Бухорою Хива ва дертар, дар асри XVIII хонигарии Қўқанд ташкил меёбанд. Дар онҳо хонҳои сулолаҳои ўзбекй ҳукмронй мекарданд. Точикон асосан дар хонигариҳои Бухорою Қўқанд зиндагй менамуданд. Барои хонигариҳои осиёмиёнагии асрҳои XVI-XVIII парокандагии феодалй, чангу низоъҳои тўлонй хос буданд. Чангҳои дохиливу хоричй боиси харобшавии системаҳои обёрикунй, пастравии зироаткорй гардида, баъзан вилоятҳо батамом ғорат мешуданд. Ба синфҳо чудошавии чамъият пурзўр мегардид, деҳқонону косибони истисморшаванда ба заминдорони феодал, хону амалдорони онҳо, низомиёну рўҳониён муқобилият нишон медоданд. Деҳқонон - точикону ўзбекҳо, ки дар заминҳои давлативу хусусй заҳмат мекашиданд, ба амалдорону бойҳо андозу хирочҳои миёншикани ҳархела месупориданд, доимо қарздор буда, торафт бештар хонасалоту қашшоқ мешуданд. Корҳои мухталифи ичборй: сохтмони қасрҳо, системаи обёрикунй, роҳсозй маъмул буданд.
Рентаи феодалй махлут буд: бегорй, коркардадиҳй ва пулй. Вазъияти деҳқонони чоряккор, ки барои қисми ночизи ҳосил дар замини бойҳо кор мекарданд, алалхусус вазнин буд. Ғуломдорй низ чой дошта, он танҳо баъди ба Русия ҳамроҳ карда шудан бекор мегардад. Зулму ситами бераҳмона, андозҳои вазнин боиси шўришу исёнҳо (соли 1758 дар Бухоро, аввали асри Х1Х дар /ротеппа, Хўчанд ва дигар чойҳо) мегардиданд.
Таъсири пурзўри рўҳониёни иртичоъпараст ба ҳамаи чабҳаҳои ҳаёти халқ ба инкишофу тараққии илму санъат таъсири манфй мерасонд, маданияти ин давра рў ба таназзул оварда буд.
Рақобати Англияву Русия барои вусъату ривоқ додани бозори фурўш ба Русия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёнаро тезонид. Соли 1868 мувофиқи шартномаи байни Русияву Бухоро қисми зиёди қаламрави аморат ба ҳайати генерал - губернатории Туркистон дохил карда шуд. Амир аз ҳуқуқи муносибати мустақилона бо давлатҳои хоричй маҳрум гардид.
Аморати Бухоро акнун бо заминҳои маҳдудгаштааш чун мулки тобею вобастаи Русия вучуд дошт. Қисми шимолии Точикистони ҳозира ба Русия дертар ҳамроҳ карда мешавад. Ҳамон вақт пас аз фурў нишондани шўриши зиддифеодалии солҳои 1873-1876 дар Қўқанд заминҳои он ба вилояти Фарғона дар ҳайати генерал - губернатории Туркистон ҳамроҳ карда шуд. Соли 1886 дар Бухоро агентии сиёсии императории Русия ташкил мегардад. Соли 1895 бо муоҳидаи байни Русияву Англия сарҳади аморати Бухоро бо Афғонистон қад-қади дарёи Панч дар Бадахшон муқаррар гардид. Қисмҳои чанубу шарқй ва марказии Точикистони ҳозира - Бухорои шарқй ва Помири ғарбй дар ҳайати аморати Бухоро боқй монда, соҳили чапи Дарвоз, қисмҳои соҳили чапи Вахон, Ишкошим, Шуғнон, Рўшон ба Афғонистон гузаштанд.
Ҳамроҳшавй ба Русия ҳам барои точикон ва ҳам барои халқҳои дигари Осиёи Миёна аҳамияти калони мусбй дошт, чангу низоъҳои байнихудй барҳам хўрданд, раванди таназзули хочагии натуралии феодалй ва инкишофи унсурҳои муносибатҳои капиталистй оғоз ёфт. Тақвияти муносибатҳои иқтисодй, сиёсию маданй бо Русия ба инкишофи иттифоқи халқи заҳматкаши точикон ва русҳо, ҳамчунин дигар халқҳои Русия, тавлиди синфи коргари точик, шиносо шудани точикон бо маданияти пешқадами инқилобию демократй мусоидат намуд. 
Айни замон точикон, чун дигар халқҳои Осиёи Миёна зери зулму истибдоди дукарата монданд. Акнун онҳоро ҳам истисморгарони худй ва ҳам ҳокимияти мутлақи шоҳ бо системаи истисмори ичтимоиву иқтисодии халқҳои гўшаву канори Русия азобу шиканча медод. Точикон дар ҳаракати миллии озодихоҳона иштирок доштанд. Шўришҳои охири асри Х1Х дар /ротеппа (соли 1875), уезди Хўчанд (соли 1880), як қатор уездҳои Фарғона далели онанд. Деҳқонони аморати Бухоро низ зуд-зуд ба муқобили амир ва ҳокимони маҳаллй сар мебардоштанд. Шўриши соли 1885 дар Балчувон таҳти сарварии Восеъ аз чунин ҳаракатҳои деҳқонй ба ҳисоб меравад.
Инқилоб ба Бухоро якчоя бо Армияи Сурх омада, амирро сарнагун сохт ва соли 1920 Республикаи Халқии Советии Бухороро ташкил дод. Солҳои 1918-1926 чанги гражданй мерафт. Соли 1924 Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Точикистон дар ҳайати РСС /збекистон ташкил ёфт. Ба қаламрави республика 12 кенти кишвари Туркистон, Бухорои шарқй ва як қисми Помир дохил гардиданд. Маркази асосии сиёсию маданй - Бухоро ва Самарқанд дар дохили сарҳади /збекистони Советй монданд.
Республикаҳои нав ташкилёфта, аз чумла РСС Точикистон (аз соли 1929) аз рўи намунаҳои умумииттифоқй идора мешуданд, Айни замон бисёр анъанақои халқҳои мухталиф ба инобат гирифта намешуданд. Асосҳои нави саноатй гузошта шуданд, коллективонй анчом ёфта, боиси аз байн рафтани деҳқонони мустақил гардид. Дар натичаи гузаронидани маъракаи маҳви бесаводй (солҳои 1926-1936) саводнокии мардум соли 1937 ба 72 фоиз расид. Маъракаи "Ҳучум (озодшавии занон)" оғоз гардида, системаи советии нигаҳдории тандурустй инкишоф меёфт. Дар замони советй Точикистон комилан ба комплекси умумииттифоқии хочагии халқ ҳамроҳ шуда, пурра тобеи Марказ гардид.
Соли 1990 Точикистон соҳибихтиёрии худро эълон кард. Пас аз "табадуллот"-и августи соли 1991 дар Москва Шўрои Олии Чумҳурии Точикистон "Дар бораи эълони мустақилияти давлатии ЧТ" қарор қабул намуд. Бо парокандашавии СССР муборизаи дурудароз барои ҳокимият оғоз ёфт. Тақобули шахсони баргузидаи кўҳнаи советй ва коалитсияи оппозитсионии исломистҳо, зиёиёни миллатчй ва доираҳои тичоратию соҳибкорй ба муборизаи гурўҳҳои минтақавй табдил ёфт. 
Моҳи маи соли 1992 гирдиҳамой ва гуфтушунидҳо дар Душанбе ба тақобули мусаллаҳона гузашта, баъдтар дар ноҳияҳо паҳн шуданд. Аз ҳамин давра эътиборан ва то ба имзо расидани созишнома дар бораи оташбас охири соли 1994 низоъҳои мусаллаҳона гоҳ-гоҳ ба вуқўъ мепайвастанд, алалхусус дар чануби Точикистон. Моҳи ноябри соли 1994 раъйпурсии оиди қабули Қонуни асосй (конститутсия) ва интихоби президенти нав гузаронида шуд. Пас аз се моҳ, моҳи феврали соли 1995 интихобот ба Мачлиси Олй (парламент) барпо гардид.



[Ба саҳифаи аввалин]