2005 Naison Group
free counters



Rambler's Top100

Рейтинг@Mail.ru

SpyLOG


Сарзамини осмони лочвардй

Точикистон сарзамини тазодҳои табиии шигифтангез мебошад. Силсилакўҳҳои баланде, ки сарчашмаи бештари дарёҳои минтақаи Осиёи Марказй ҳастанд, дараҳои зебоманзар, водиҳои гарми дорои вазъи иқлимии мўътадил, ки дар онҳо киштзорҳои пахта, ангурзорҳо, боғҳои меваҳои шаҳдбор доман паҳн кардаанд, биёбонҳои баландкўҳе, ки дар сардиву сармо камтар аз фасли зимистони Сибир нест - ин ҳама дар ҳудуди Чумҳурии Точикистон воқеъ гардидааст.
Табиати ин сарзаминро наметавон бе истифодаи такрор ба такрор аз вожаҳои "беназир" ва "беҳамто" тавсиф кард. Мавзеи Искандаркўл ҳамчун марвориди беназир дар иҳотаи кўҳҳои Фон, маҳалли дилписанди сайёҳон аз саросари чаҳон аст. Кўлҳои Марғзор низ беҳамтоанд ва ин мавзеъ дар зебой ягонаву якто мебошад, зеро ҳар яке аз кўлҳои номбурда мўҳраи гаронбаҳоеро дар гарданбанди зебо мемонад. Ҳафт кўли пайваста дорои рангҳои гуногун аст.
Точикистон на танҳо аз нигоҳи шароити иқлимй беҳамтост, балки ҳамчунин бо таърих ва тамаддуни воло ва куҳансоли хеш низ машҳур мебошад. Точикон фарзандон ва ворисони қавмҳои сокини Суғд ва Бохтари бостонй ба шумор мераванд.
Донишмандони бостоншиноси бисёр кишварҳои чаҳон саъй меварзанд, ки дар ноҳияи Панчакенти бостонй ҳафриёт ва пажўҳишҳои илмй анчом бидиҳанд.
Уструшана, ки имрўз ба номи Истаравшан (Уротеппа) маъруф аст, дар қадимтарин ривоёт ва осори хаттй сабт гардидааст. Тачлили чашни Наврўз дар шаҳристони мазкур Искандари Мақдуниро мафтун сохта буд.
Ҳафриёти бостоншиносй ва осори хаттй, далел бар он аст, ки садаҳои чаҳорум ва панчуми мелодй баробар бо даврони иттиҳод ва ташаккули халқи точик будааст. Маҳз дар ҳамин айём сарзамин, ойин ва забони ягонаи халқи точик ташаккул ёфта, нахустин шеъри дарй дар қарни панчум арзи ҳастй намуд. Ҳамзамон бо бунёди давлати Сомониён дар садаи нуҳум, раванди ташаккули халқи точик комилан анчом пазируфт. Дар он замон аҳолии Хуросон, ноҳияҳои шимоли Афғонистон, минтақаи Осиёи Марказй ва ноҳияҳои чануби Қазоқистони имрўзаро точикон ташкил мекарданд. Бухоро ва Самарқанд шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказй, ки имрўз бахше аз сарзамини Ўзбекистон мебошанд, баёнгари азамат ва шаҳомати хонадони Оли Сомон ва тамаддуни волову бостонии точиконанд. Қабилаҳои сершумори кўчманчй ва нимкўчманчии сакоии сокини Бадахшон, Тиёншон ва водии Сирдарё низ аз чумлаи ачдоди точикон мебошанд.
Дар Точикистон минтақаҳое ҳастанд, ки олами набототи он ҳанўз бикру дастнахўрда аст. Обу ҳавои чунин минтақаҳо ба сабаби душворгузар ва дурдаст будан аз маҳаллҳои маскунй ва набудани роҳҳои мошингард поку гуворост. Дар кўҳсори Точикистон беш аз чаҳорсад навъи набототи доруиро метавон пайдо намуд.
Чумҳурии Точикистон дар миёни 36 дарача ва 40 дақиқа ва 41 дарача ва 05 дақиқаи арзи шимолии чуғрофиёй ва 67 дарача ва 31 дақиқа ва 75 дарача ва14 дақиқаи тўли шарқй бо кишварҳои Италия, ноҳияҳои чанубии Испания ва қисмати марказии Япония дар арзи чуғрофиёии ягона воқеъ аст.
Масоҳати Чумҳурии Точикистон 143,1 ҳазор километри мураббаъ ва аҳолии он бештар аз шаш миллион нафар мебошад. Аз шимол ба чануб 350 километр ва аз ғарб ба шарқ 700 километр имтидод дорад. Тўли умумии марзҳои чумҳурй бештар аз 3 ҳазор километр аст. Аз чумла 1030 километр бо Давлати Исломии Афғонистон, 230 километр бо Чумҳурии Мардумии Чин марзи муштарак дорад ва аз тарафи шимолу ғарб бо кишварҳои Ўзбекистону Қирғизистон ҳамчавор мебошад.
Сарзамини Точикистон дар нақшаҳои чуғрофиёй бо рангҳои қаҳвай ва қаҳваии тираи худ фарқ мекунад ва ин бад-он маънист, ки кишвар саросар кўҳистонй аст. Баландтарин нуқтаҳои он нисбат ба сатҳи баҳр аз 500 метр (дар водии дарёи Вахш) то 7500 метр (дар Помир) мебошад. Тавсифи Точикистон бе истифодаи пасоянди "тарин" ноқис
мебуд. Баландтарин қаторкўҳҳои чаҳон - Помир ва Тиёншон дар ҳудуди ин кишвар воқеъ буда, азимтарин қаторкўҳҳои Осиёи Марказй - Қароқурум, Куенлунг дар минтақаи Бадахшон пайваст мешаванд. Қуллаи баландтарин бо номи Исмоили Сомонй (7490 метр), баландтарин кўли дорои оби шўр - Қарокўл (3914 метр) ва азимтарин пиряхи ба номи Федченко (бо дарозии 77 километр ва ғафсии 800 метр) дар қаторкўҳҳои номбурда воқеанд.

[Ба саҳифаи аввалин]
1 2 3 4 5