2005 Naison Group
free counters



Rambler's Top100

Рейтинг@Mail.ru

SpyLOG


Чумҳурии Точикистон дорои захираи фаровони об мебошад ва аз чиҳати миқёси мачрои дарёҳо дар чойи шашум ва аз чиҳати таъмини об дар як километри мураббаъ, баъд аз кишвари Гурчистон дар чаҳон дар мақоми дуввум қарор дорад. Дарозии умумии 948 дарёи чумҳурй бештар аз 28500 километр аст.
Тақрибан нисфи масоҳати сатҳи яхбандони Осиёи Марказй дар ҳудуди Точикистон воқеъ буда, шумораи пиряхҳо ба 800 мерасад ва масоҳати умумии он бештар аз 8,5 ҳазор км мураббаъро дар бар мегирад, ки аз масоҳати умумии киштзори чумҳурй хеле густардатар мебошад.
Иқлими сарзамини Точикистон вобаста ба мавқеияти чуғрофиёии он мўътадил ва гарм буда, хушкй, камабрй, тобиши бештари офтоб (2500 -3000 соат дар як сол), тағйироти калони ҳарорати шабонарўзй ва мавсимй аз чумлаи вежагиҳои иқлими чумҳурй ба шумор меравад. Азбаски чандин моҳ дар тўли сол осмони ин сарзамин софу беабр аст, таваччўҳи пажўҳишгарони ситорашиносро аз саросари чаҳон ба худ чалб менамояд. Дар ин робита Пажўҳишгоҳи ситорашиносии Академияи Илмҳои чумҳурй ва расадхонаҳои Ҳисору Санглох бо кашфиёти илмии худ дар саросари чаҳон машҳур аст.
Вучуди гармои фаровон ба нашъунамои зироатҳои нодири ба гармо созгор мусоидат мекунад. Пахтаи маҳиннах, гули шамъдонй, лимўи марғуби саршор аз витаминҳои гуногун ва зардолуи шаҳдбори Исфара ниёз ба тавсифу таблиғ надоранд.
Дар дарёҳо ва кўлҳои чумҳурй тақрибан чиҳил навъи моҳй мавчуд буда, сайду шикори бархе аз навъҳои ҳайвонот дар Точикистон мумкин бошад ҳам, бисёре аз навъҳои чонварону растаниҳо дар Китоби Сурхи кишвар сабт гардида, ниёз ба ҳифзу нигаҳбонй доранд.
Дар ҳудуди Чумҳурии Точикистон се мамнўъгоҳ ва 14 қўруқ мавчуд аст. Мамнўъгоҳи "Бешаи палангон" соли 1938 ба хотири ҳифз ва нигаҳдории низоми табии махсуси биёбонҳои чануб ва соҳилҳои дарёҳои Осиёи Марказй ташкил шуд. Ахиран, иқдом ба таъсиси мамнўъгоҳи "Даштичум" гардид, ки ҳадафи он пешгирй аз нобудии охирин боқимондаҳои насли бузи морхўр дар кишвар мебошад. Чангалҳои кўҳистонй ва навъҳои нодири чонварон дар қўруқгоҳҳои "Сарихосор", "Камароб", "Сангвор", "Даштимайдон" ва "Чилдухтарон" ҳифзу нигаҳбонй мешаванд.
Дар осорхонаҳои Точикистон ва махсусан дар Осорхонаи мардумшиносии Академияи Илмҳо, намунаи осори ҳунарҳои дастии басо нафиси ҳунармандони мардумй аз қабили васоити ороишии мурассаъ бо чавоҳирот, тилло, лаъл, лочвард ва фирўза, ки аз маъданҳои воқеъ дар ноҳияҳои гуногуни чумҳурй ба даст меоянд, ба намоиш гузошта шудаанд.
Чумҳурии Точикистон дорои захираҳои нафт ва ангиштсанг низ мебошад, вале ин сарзамин қабл аз ҳама бо обҳои маъдании гуногуни худ шўҳрат дорад. Аз обҳои маъданй дар истироҳатгоҳ ва осоишгоҳҳои Хоча Обигарм, Явроз, Шоҳамбарй, Калтуч, Зумрад, Гармчашма ва ғайра барои муоличаи бемориҳои гуногун истифода мешавад. Истироҳатгоҳи Хоча Обигарм дар
миёни  кўҳҳо ва дар маҳалли дилпазиру хуррам бунёд гардида, хосияти дармонии чашмаҳои оби маъдании онро ҳавои соф ва бонишоти кўҳсор ва манзараҳои дилчаспи муҳит такмил менамояд.
Гармчашма ба ҳайси як мўъчизаи табиати Бадахшон пораи алмосро мемонад, ки ниёз ба дастони заргари моҳир дорад, то ки мавзеи номбурда дар миёни беҳтарин истироҳатгоҳҳои чаҳон мақоми шоистаи худро ба даст орад.
Ҳамакнун одамон бештар ба минтақаҳои сокит ва маконҳои камодаму дур аз марказҳои саноатй таваччўҳ доранд. Ин қабил гўшаҳои бикр ва дастнахўрдаи табиат дар Точикистон хеле зиёданд, ки бо ҳавои покиза ва хуррамии манзараҳои табиати худ хастагии чисмонй ва равонии инсонро зудуда, ба чисму чони ў нерў ва тавони тоза мебахшад. Масалан, дараҳои Камароб ва Ширкент аз чумлаи ин мавзеъҳо мебошанд.
Сайёҳон ва чаҳонгардон бештар масирҳои сайёҳии "Хутали кўҳистонй", "Кўлҳои Точикистони Марказй", "Дар кўҳсори Помир ва Олой"-ро писандидаанд. Мутахассисон ва марказҳои сайёҳй дар оянда ҳам иқдом кушодани масирҳои нави сайёҳй хоҳанд намуд. Дар минтақаҳо ва мавзеҳои баландзамину дурдасти кўҳистонй деҳот ва маҳалҳои маскунй камтар дида мешаванд, бинобар ин аҳолии кўҳистон сайёҳонро бо самимият истиқбол ва пазирой мекунанд. Тибқи нишондиҳандаҳои омори мавчуда, дар кўҳистон танҳо аз даҳ як ҳиссаи аҳолии чумҳурй сукунат дошта, бошандагони ин минтақаҳо ҳама болобаланд ва хушандом мебошанд, ки шояд натичаи таъсири муҳити зист бар онҳо бошад.
Сукут ва хомўширо дар кўҳистони чумҳурй гоҳу бегоҳ фурў рехтани тарма ва ё кўҳпорае халалдор мекунад, вале дар водиҳои чумҳурй зиндагй бо чўшу хурўш дар чараён аст. Нақлиёт дар роҳҳои саросари кишвар мунтазам дар ҳаракат мебошад. Роҳҳои мошингард аз тариқи кўталҳо ва ағбаҳои Анзоб ва Хобуработ (дар баландии тақрибан 4000 метр аз сатҳи баҳр) ноҳияҳои кўҳистонй ва Боми чаҳон (минтақаи Помир) -ро бо дигар нуқтаҳои чумҳурй пайваст намудааст. Аз чархидани дастгоҳҳои барқдиҳандаи силсилаи нерўгоҳҳои дарёҳои Вахш ва Сир корхона ва марказҳои саноатй ба фаъолияти худ идома медиҳанд.

[Ба саҳифаи аввалин]
1 2 3 4 5