2005 Naison Group
free counters



Rambler's Top100

Рейтинг@Mail.ru

SpyLOG


Шаҳрҳои муосир ва хонаҳои истиқоматиро бе таъмини шароити рифоҳй аз қабили оби гарм, марказҳои гармидиҳй ва учоқҳои газ наметавон тасаввур намуд. Сабк ва тарҳҳои мемории муосир ҳамакнун, чи шаҳрҳои бостонии Хучанд, Панчакент, Истаравшан (Ўротеппа), Кўлоб ва чи шаҳрҳои нав аз қабили Хоруғ, Қайроқум, Норак, Роғун, Сарбанд ва амсоли онҳоро оро додаанд. Шаҳри Душанбе, пойтахти Чумҳурии Точикистон бузургтарин шаҳри кишвар буда, теъдоди аҳолии он беш аз ним миллион нафар мебошад. Шаҳри Қайроқум бо қолинҳо ва фаршҳои марғуби худ хеле машҳур аст. Шаҳри Норак низ зебост. Шаҳри Норак бо банди об ва нерўгоҳи барқи обии беназири худ машҳур мебошад. Точикистон аз лиҳози захираҳои нерўи барқи обй дар чаҳон яке аз чойҳои аввалро соҳиб мебошад. Баъди ба охир расидани сохтмони нерўгоҳҳои барқи обии Сангтўда ва Роғун дар дарёи Вахш Чумҳурии Точикистон на танҳо эҳтиёчоти дохилии худро ба нерўи барқ таъмин мекунад, балки метавонад ба бозори чаҳонй низ онро барорад. Муддати беш аз 20 сол аст, ки нерўгоҳи барқи обии Норак - ин мўъчизаи нерўофарин маҳалҳои аҳолинишини водии ҳисор, корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе, корхонаи алюминии шаҳри Турсунзода, мучтамаъи тавлидии барқ ва кимиёии Ёвонро бо нерўи барқи арзон таъмин мекунад.
Точикистон аз захираи канданиҳои фоиданок басо ғанй мебошад. Ба туфайли омўзишу таҳқиқоти муназзами заминшиносии ҳудуди он захираҳои калони маводи сўзишворй, сохтмонй, сангҳои қиматбаҳо, фулузоти нодиру ранга ва дигар навъҳои канданиҳои фоиданок кашф гардидааст.
Ҳамакнун бештар аз 400 конҳои маъданҳои мухталиф кашф гардида, тақрибан дар садтои он 40 намуди ашёи хоми маъданй аз қабили сўзишворй ва маводи маъданй ва ғайримаъданй истихроч мешавад.
Точикистон аз рўйи мавчудияти захираҳои мис, нуқра, тилло, сурб, руҳ, висмут, стронсий, сурма, волфрам, гази табий, ангиштсанг ва обҳои маъданй дар чаҳон яке аз чойҳои намоёнро ишғол мекунад. Дар ин сарзамин махсусан захираҳои азими намаки ош, сангҳои қиматбаҳо ва ороишй мавчуданд.
Чумҳурии Точикистон аз иқтидори тавонои саноатй бархўрдор буда, дорои тақрибан 350 корхона ва воҳиди саноатй дар 120 соҳаи иқтисоди миллй мебошад, ки корхонаи яхдонсозии Душанбе, корхонаи тавлиди дастгоҳҳои бофандагии Душанбе, корхонаи нуриҳои азотии Вахш, корхонаи трансформатори Қўрғонтеппа, мучтамаъҳои бофандагй ва корхонаҳои шоҳибофии шаҳрҳои Душанбеву Хучанд, корхонаҳои бешумори консерву мева ва сабзавот дар бисёр минтақаҳои чумҳурй аз чумлаи онҳо мебошанд.
Саноати истихроч ва коркарди маъданҳо асосан дар қисмати шимолии чумҳурй чойгир аст. Оғози фаъолияти корхонаҳои тавлиди шимши тилло дар шаҳрҳои Чкаловск ва Панчакент барои ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои истеҳсоли маҳсулоти мутобиқ бо меъёрҳои байналхалқй, бунёди захираи тиллои чумҳурй ва эҳёи ҳунари заргарй бо истифода аз ашёи хоми маҳаллй мусоидат хоҳад намуд.
Маълум аст, ки нерўи инсонй муҳимтарин омили пешрафти чомеа буда, бе он иқтисоди миллй ба бунбаст хоҳад расид. Нерўи коргарии варзида ва мутахассис дар мактабҳои олй ва миёнаи махсус омода мегардад. ҳамакнун дар Чумҳурии Точикистон 30 муассисаи таълимоти олй ва 53 техникуму ҳунаристон фаъолият доранд. Донишгоҳи политехникии Точикистон барои муассисаҳо ва корхонаҳои чумҳурй садҳо нафар муҳандисони барқу электроник, меъморй ва хадамоти автомобил тарбия намудааст. Донишчўёни Донишкадаи технологии чумҳурй давраи коромўзии худро дар муассиса ва ширкатҳои кишварҳои хоричй сипарй намуда, технологияи навини саноатиро фаро мегиранд. Хатмкунандагони Донишгоҳи тиббй, Донишгоҳи давлатии миллй, Донишкадаи ҳунарҳои зебо ва дигар мактабҳои олии чумҳурй дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии чумҳурй машғули кор мебошанд. Академияи Илмҳои Чумҳурии Тичикистон дар муддати беш аз панчоҳ соли мавчудияташ фаъолиятҳои илмй ва пажўҳиширо дар чумҳурй танзим ва ҳамоҳанг месозад. Дар муассисаҳои пажўҳишй ва озмоишгоҳҳои Академияи илмҳо тақрибан се ҳазор нафар донишмандон ва пажўҳишгарон ба ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами илмҳои таърих, иқтисод, риёзиёт, тиб, заминшиносй ва ғайра машғул ҳастанд. Қаҳрамони Точикистон, муаррихи барчастаи точик, академик Бобочон Ғафуров дар маҳофили илмии бисёр кишварҳои чаҳон маъруф буда, мардуми точик бо донишмандони машҳур А. Баҳоваддинов, С. Умаров, М. Осимй, С. Неъматуллоев, П. Бобочонов ва амсоли эшон, ки дар пешрафти илми чумҳурй саҳми арзанда гузоштаанд, ифтихор дорад.
Пажўҳишгоҳи зилзилашиносй ва сохтмонҳои муқовими зилзила дар миёни дигар пажўҳишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳқиқотии Академияи Илмҳо, бо пажўҳишҳои донишмандони худ дар риштаи пешбинии дарозмуддати зилзила ва асоснок намудани тарҳҳои сохтмонҳои азими гидротехникй дар минтақаҳои зилзилахез, ба ҳайси муассисаи мўътабари илмй дар чаҳон машҳур буда, тарҳҳои нерўгоҳҳои Нораку Роғун ва сохтмони биноҳои 

[Ба саҳифаи аввалин]
1 2 3 4 5