2005 Naison Group
free counters



Rambler's Top100

Рейтинг@Mail.ru

SpyLOG


баландошёна пас аз анчоми таҳқиқоти зарурй дар озмоишгоҳҳои ҳамин пажўҳишгоҳ тавсия мегарданд. Донишмандони Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакй, ба таҳқиқоти масъалаҳои мубрами забон ва адабиёти точик машғуланд. Дар Пажўҳишгоҳи ховаршиносй ва мероси хаттй ҳазорон чилд дастнависҳо ва китобҳои нодири илмии мутафаккирон ва осори шоирони қарнҳои пешин ҳифзу нигаҳдорй мешаванд ва бо саъю кўшиши донишмандони ин муассиса ба табъу нашр омода мешаванд.
Номҳои як зумра донишмандони риштаи тиб аз қабили мутахассиси барчастаи соҳаи гастроэнтерология, профессор Ҳ.Мансуров, чарроҳи атфол, профессор А.Пулодов, шодравон Ю. Исҳоқй, М.Ғуломов берун аз ҳудуди чумҳурй маъруф мебошанд. Донишмандони риштаи тибби Чумҳурии Точикистон анъанаҳои ҳдаким Абўалй ибни Сино, чадди бузурги худро бо ифтихор идома медиҳанд. 
Дар натичаи пажўҳишҳои илмии донишмандони заминшиноси чумҳурй, ки аксаран дар Пажўҳишгоҳи заминшиносии Академияи Илмҳо сурат мегиранд, дар ноҳияҳои гуногуни Точикистон захираҳои канданиҳои фоиданок аз қабили фулузоти нодир, ангиштсанг, сангҳои ороишй ва маводи сохтмонй кашф шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки аз чумлаи беш аз 6 миллион нафар аҳолии чумҳурй, як миллиону панчсаду бисту як ҳазор хонандагон мебошанд, ки дар ҳудуди навад ҳазор нафар муаллимон дар мактабҳои маълумоти ҳамагонии кишвар ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд.
Дар Чумҳурии Точикистон ба ғайр аз точикон - сокинони таҳчойии кишвар боз ўзбекҳо, русҳо, украинҳо, қирғизҳо ва ғайра зиндагй мекунанд. Чандин театр ва муассисаҳои истироҳатй дар хидмати мардум аст. Театрҳои драмавии ба номи Лоҳутй, опера ва балети ба номи С. Айнй, драмавии ба номи Маяковский осори драманависони шарқу ғарбро рўйи саҳна оварда, ба тамошобинон пешкаш менамоянд. Дар пойтахти чумҳурй ҳамчунин Театри чавонон ба номи М. Воҳидов ва Театри Аҳорун фаъолият доранд, ки ҳунармандони он аксаран дар сафарҳои ҳунарй мебошанд. Дастаҳои рақсиву овозии "Лола", "Зебо", "Чаҳоноро" низ чи дар дохил ва чи дар хоричи кишвар алақамандони зиёд доранд. Омезиши рақсҳои суннатии мардумй бо ҳунари балет ва созҳои миллии "Шашмақом" бо мусиқии урупой боиси ғановат ва пешрафти ҳунарҳои миллй мегардад. Ҳунармандон ва устодони ҳунари балет дар шаҳри Душанбе ду бор гирди ҳам омада, озмуни байналмилалии балетро ба ифтихори Малика Собирова, ки худ аз чумлаи ситорагони рахшони ҳунари балети чаҳонй буд, баргузор намуданд. Барои ошкор намудани истеъдодҳои ҳунарй баргузории озмунҳои театрҳои касбй бо номи "Парасту" ва фестивал - озмунҳои дастаҳои ҳунарии шаҳру навоҳии чумҳурй таҳти унвони Андалеб ба ҳукми анъана даромадааст. Бисёр ҳунармандони маъруфи кишвар дар саҳнаи Театри драмавии ба номи Лоҳутй касби маҳорат намудаанд, ки Муҳаммадчон қосимов (Фаррух қосимов фарзанди ў низ коргардони варзидаи театр аст), Тўҳфа Фозилова, Аслй Бурҳонов, ҳочиқул Раҳматуллоев аз чумлаи онҳо мебошанд.Ҳамакнун номҳои ҳунармандон А.Чўраев, О. Ҳошимов, Ч.Муродов, З.Нозимов, оҳангсозон Зиёдулло ва Толиб Шаҳидй, Аъзам Солеҳов, Фирўз Баҳор дар саросари чумҳурй ва берун аз он барои мухлисони санъати мусиқии миллии точик ошно мебошанд.
Точикон агар бихоҳанд, ки шахсеро мавриди лутфу меҳрубонй қарор бидиҳанд, ўро ба шоир ташбеҳ мекунанд, зеро онҳо худ мардуми табиатан боистеъдод ва шоиртабъ ҳастанд. Онҳо ворисони устодони шеъру адаб ва нобиғаҳое чун Рўдакй, Фирдавсй, Носири Хисрав, Чалолиддини Балхй, Саъдии Шерозй, Ҳофиз, Камоли Хучандй, Абдураҳмони 
Чомй ва бисёре дигар аз ахтарони тобноки осмони шеъру адаби точик мебошанд. Чашмаи шеъру адаби ин миллати бостонй чун ҳамеша шодоб ва саршор аст. Адабиёти точик имрўз бо офаридаҳои устодон Садриддин Айнй, Абулқосим Лоҳутй, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқй Раҳимзода, Чалол Икромй, Раҳим Чалил, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Аминчон Шукўҳй, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералй, Бозор Собир, Урун Кўҳзод, Гулрухсор, Аскар Ҳаким, Абдулҳамиди Самад ва амсоли онҳо ифтихор дорад.
Дар студияи "Точикфилм" коргардон ва синамогароне чун Борис Кимёгаров - коргардони силсилаи филмҳои ҳунарй дар мавзўи бархе аз достонҳои "Шоҳнома"-и Фирдавсй, Давлат Худоназаров, Тоҳир Собиров, Бақо Содиқов, Б.Худойназаров фаъолият доштаанд.
Китобхонаи Миллии Точикистон ба номи Фирдавсй дар миёни китобхонаҳои кишвар мақоми барчаста дошта, теъдоди китобҳои он беш аз 6 миллион чилд буда, китобҳои мунташираи муассисаҳои интишоротии "Ирфон", "Адиб", "Матбуот", Доиратулмаорифи точик ва миллионҳо нусха рўзномаву мачаллаҳо дар ин чо нигаҳдорй мешавад.
Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонун) Чумҳурии Точикистон ҳокимияти давлатй шакли президентй дошта, Президенти Чумҳурии Точикистон сарвари давлат ва ҳокимияти ичроия (ҳукумат) мебошад. 6 ноябри соли 1999 дар натичаи интихоботи умумихалқй Эмомалй Раҳмонов ба мўҳлати 7 сол Президенти Чумҳурии Точикистон интихоб гардид.
Мачлиси Олй - парламенти Чумҳурии Точикистон мақоми олии намояндагй ва қонунгузор мебошад. Мачлиси Олй аз ду мачлис - Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон иборат буда, мўҳлати ваколати он 5 сол аст.
Мачлиси намояндагон дар асоси интихоботи умумии бевосита ва овоздиҳии пинҳонй интихоб гардида ба таври доимй ва касбй амал мекунад.
Баъди фурўпошии давлати абадқудрати Иттифоқи Советй дар сарзамини собиқ шўравй як қатор давлатҳои мустақил арзи вучуд намуданд.
9 сентябри соли 1991 Чумҳурии Точикистон давлати соҳибистиқлол эълон гардид. Барои нахустин бор баъди 1100 соли таъсиси давлати Сомониён точикон дубора соҳибдавлат шуданд.
Мутаассифона, равандҳои минбаъдаи сиёсии дохилй ба натичаи фочеабор боис шуданд, ки дар натича ба давлат зиёни калони моддй ва маънавй расонида шуда, пешрафти кишвар дар роҳи ташаккули худ ҳамчун давлати соҳибистиқлоли демократй халалдор гардид.
Баргузор шудани Ичлосияи XVI Шўрои Олии Чумҳурии Точикистон рўйдоди сарнавиштсозе гардида, имконият дод, чумҳурй аз хатари афтодан ба вартаи ҳалокати чанги дохилй начот ёбад.

[Ба саҳифаи аввалин]
1 2 3 4 5