2005 Naison Group
free counters



Rambler's Top100

Рейтинг@Mail.ru

SpyLOG


Сарфи назар аз душвориҳои мавчуда баъди ичлосияи XVI таърихй роҳбарияти давлат бо сарварии Э.Раҳмонов ба ҳаллу фасли мусолиматомези проблемаҳои дохилй иқдом намуд.
Гуфтушунидҳои миёни точикон, ки 5 апрели соли 1994 таҳти сарпарастии СММ дар шаҳри Маскав оғоз гардида буд, 27 июни соли 1997 бо ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллй дар Точикистон хотима пазируфт.
Ҳамин тавр, тачрибаи дар чаҳон беназири ҳаллу фасли муноқишаҳо ва барқарории сулҳу ризоияти миллй ба даст омад, ки ба ин муносибат Симпозиуми байналмилалй дар мавзўи "Тачрибаи таърихии сулҳи Точикистон" моҳи апрели соли 2001 дар Душанбе баргузор гардид.
Дар амри густариши робитаҳои иқтисодй ва бозаргонии Точикистон бо кишварҳои хоричй вучуди шабакаи роҳҳо ва шоҳроҳҳои ободи автомобилгард ва роҳи оҳан аз аҳамияти вежа бархўрдор аст. Аз ин рў, Ҳукумати чумҳурй дар фаъолияти ҳамарўзаи худ ба масъалаи мазкур таваччўҳ зоҳир менамояд.
Ҳамакнун сохтмони роҳи оҳани Қўрғонтеппа - Кўлоб ва роҳи автомобилгарди Кўлоб - Кулма - Қароқурум хотима ёфта, сохтмони туннели Анзоб идома дорад.
Дар саросари кишвар равандҳои ислоҳот ва бозсозии бунёдии иқтисоди миллй, низоми бонкй ва молиёт дар чараён буда, тичорати озод, хусусигардонии моликияти давлат ва муносибатҳои бозаргонй густариш меёбанд.
Барои пешбурди иқтисодиёти миллй сармояи хоричй чалб гардида, корхонаҳои муштарак барои коркарди захираҳои ашёи хоми маъданй таъсис мешаванд. Ҳоло дар чумҳурй беш аз 200 корхонаву ширкатҳои муштарак фаъолият доранд. 
Сиёсати хоричии Чумҳурии Точикистон дар марҳалаи кунунй бар пояи барқарории робитаҳои баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд бо ҳамаи кишварҳои чаҳон ва иштирок дар таҳкими сулҳу субот ва амнияти байналхалқй устувор гардидааст. Чумҳурии Точикистон барои ҳамкориҳои иқтисодй ва тичоратй бо ҳамаи кишварҳои минтақа ва саросари чаҳон талош меварзад.
Дар бораи мардуми некухисоли сарзамини 
Точикистон, пирони барнодилу пизишкони ҳозиқ ва ҳунармандони мардумии боистеъдоди он, шаҳру деҳоти он, ҳунари таббохии миллй ва суннатии он, метавон соатҳои тўлонй ҳикоят намуд ва аммо "шунидан кай бувад монанди дидан". Шояд суратҳо ва тасовири ранга дорои маълумоти ғанитару рангинтар бошанд ва битавонанд рочеъ ба ин кишвар ва диданиҳои он беҳтар ҳикоят кунанд, аммо маълумоти муфассал ва боэътимодро танҳо ҳангоми боздид аз ин сарзамини осмони лочвардй, кўҳҳои баланди барфпўш ва водиҳои сарсабзу хуррам метавон фароҳам овард.

[Ба саҳифаи аввалин]
1 2 3 4 5