2005 Naison Group
free counters



Rambler's Top100

Рейтинг@Mail.ru

SpyLOG


ФЕСТИВАЛ ВА СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛХАЛҚИИ «ФАЛАК»

Дар яке аз толорҳои консертии зебои пойтахти Точикистон шаҳри Душанбе – Филармонияи давлатй аз 26 то 28 марти соли 2004 аввалин маротиба фестивал ва симпозиуми байналхалқй дар мавзўи «Фалак ва анъанаҳои бадеиии халқҳои Осиёи Марказй» барпо шуд.
Ташкилкунандагони ин воқеаи муҳим гурўҳи эчодй таҳти роҳбарии мусиқачй ва бастакори маъруфи точик Амирбек Мўсоев бо ёрии Вазорати фарҳанги Чумҳурии Точикистон ва дастгирии молиявии шўъбаи точикистонии Институти «Чомеаи кушодла» (Бунёди Сорос, Маркази «Ҳамкорй ва рушд») буд.
Ба фестивали байналхалқй ва симпозиуми санъати анъанавии мусиқй сеҳмонон аз Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Франсия ва Америка омаданд.

Фестивалро бо сухани табрикй вазири фарҳанги Чумҳурии Точикистон Р.А. Амиров ва директории Шўъбаи точикистонии Институти «Чомеаи кушода» (Бунёди Сорос, Маркази «Ҳамкорй ва рушд») О. Бобоназарова кушода, оид ба фалак чун жанри қадим ва бемисли санъати мусиқии анъанавии точик ҳарф заданд. Соли 2003 дар асои Укази Президенти Чумҳурии Точикистон ансамбли давлатии «Фалак» таъсис дода шуд. Ҳамин боиси тантанаи имрўза шуд, ки ба рўзҳои Наврўз мувофиқ меояд. Дар толор ҳозир будани насли чавон худ гуворо мебошад. Ин гувоҳи он аст, ки Фалан тараққй меёбад ва ҳаёти хешро идома медиҳад. Ба ҳамаи иштирокчиён ва меҳмонони фестивал-симпозиум табъи идона, ҳаловати рўҳй дар дунёи фалак, инчунин кори самаранокро дар симпозиум орзу менамоем. Баъд номаи табрикии Президенти Чумҳурии Точикистон Эмомалй Шарифович Раҳмонов ба иштирокчиён ва меҳмонони фестивал-симпозиум хонда шуд.

 

Оид ба дар Душанбе гузашта истодани иди ботантанаи анъанавии мусиқй аз рўи лавҳаҳо ва афишаҳои рангоранг маълумот гирифтан мумкин буд. Рўзи кушода шудани фестивал садоҳои мафтункунандаи ҳофизони халқй меҳмонони пойтахт ва қадрдонони санъати мусиқии «Фалак»-ро ба тантанаи оянда даъват менамуданд.
Чанд рўз дар саҳнаи Филармонияи давлатй тамошобинон имконияти беназири шунидани анъанаҳои ичрокунандагии минтақаҳои гуногуни Точикистонро, ки бо санъати «Фалак» алоқаманданд, доштанд. ИНҳо мутриб, мусиқачй, донандагони нотакрори эчодиёти мусиқию манзумй (фалак, рубой, байти достон, дубайтй) Давлатманд Холлов, ҳунарманди шоистаи Точикистон Гулчеҳра Содиқова, гурўҳи Одина Ҳошим, Сафар Каримов, Сафар Қодиров, Баҳром Қодиров, Асмил и Зарагул Искандароваҳо, Маҳмадали Аюбов, Маҳмадризо Мадиев ва бисёр дигарон. Тамошобини точик на фақат ичрокунандагони точикро гарму чўшон истиқбол намуд, инчунин ба устодони санъати Эрон, Афғонистон ва Қазоқистон чапакзаниҳо намуд.

Намоишгоҳи эчодиёти халқ аз минтақаҳои гуногуни Точикистон, ки дар он асарҳои беҳтарини устоҳои асбобҳои халқии точик Усто Зайниддин, Донахон Зиёев (Душанбе), Абдураҳим Муродова (Кўлоб), Масаен Масаенов (Ишкошим), маснуоти гулдўзии халқй ва санъати кулолии Убайдулло Мирзоумаров (Шаҳринав), либоси миллии тайёркардаи Шоиста Ғиёсова (Кўлоб), Кимиё Атаева, Гулрухсор Умарова (Хучанд) гузошта шуда буданд, чои муҳимро гирифт.
Дар танаффуси байни барномаҳои консертй олимони Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ўзбекистон ва Точикистон дар симпозиуми илмии «Фалак ва анъанаҳои миллии халқҳои Осиёи Марказй» ширкат варзиданд. Дар давоми се рўз дар мавзўъҳои зерин маърузаҳо шунида шуданд: «Фалак дар матни анъанаҳои бадеии точикон» (Н. Нурчонов, Точикистон), «Оид ба рол ва аҳамияти фалак» (Д. Карамшоев, Точикистон), «Сохти анъанавй ва соҳаҳои ичтимоию функсионалии санъати мусиқии точикон» (Н. Ҳакимов, Точикистон), «Фалак ва робитаи мутақобилаи он бо сурудҳои меҳнатии халқй» (Р. Аҳмад, Точикистон), «Фалак ва мусиқии ҳозиразамони точик» (Б. Қобилова, Точикистон), «Роҳ ба сўи осмон» (Т. Сатторов, Точикистон), «Фалак ва эчодиёти халқии назмии точикон» (С. Фатҳуллоев, Точикистон), «Анъана ва вақт. Муколима: Забони мусиқии Толибхон Шаҳидй» (Л. Назарова, Точикистон), «Фалак ва мавқеи он дар эчодиёти халқии точикони Яғноб» (С. Мирзозода, Точикистон), «Рубой ва роли он дар тарққиёти жанри фалак» (Ф. Муродов, Точикистон), «Рол ва хусусиятҳои функсионалии дутор (думбра) дар ичрои фалак» (Қ. Қурбониён, Точикистон), «Оид ба баъзе хусусиятҳои сохти жанри фалак» (А. Абдурашидов, Точикистон), «Мулоҳизаҳо оид ба фалак» (Х. Абдуллоев, Точикистон), «Оид ба фалак» (Д. Холов, Точикистон), «Фалак чун феномени фарҳанги адабии халқй» (Ч. Латифов, Точикистон), «Роли занон дар тараққиёти анъанаҳои ичрокунии фалак» (Т. Исроилова, Точикистон), «Фалак – таскини рўҳ» (У. Темуров, Точикистон), «Хотираҳо дар бораи Одина Ҳошимов» (Ш. Ҳабибов, Точикистон), «Оид ба намудҳои гуногуни жанри фалак» (Ф. Кароматли, Ўзбекистон), «Оид ба чиҳатҳои таърихии ташаккули жанр дар фарҳанги мусиқии халқҳои Осиёи Марказй» (А. Чумъаев, Ўзбекистон), «Матни фолклорй ва мусиқй» (доктор Чамшед Садоқаткеш, Эрон), «Омўхтани фалак дар Афғонистон» (доктор Ш. Ориёнфар, Афғонистон), «Нўҳ осмон» (доктор Падид Шарма Хусрав, Ҳиндустон), «Роли овозандозй (марсияхонй) дар фарҳанги анъанавии мусиқии қазоқ» (С. Елеманова, Қазоқистон), «Кара олен дар матни фарҳанги анъанавии мусиқии қазоқ» (Б. Бабтжан, Қазоқистон), «Мусиқии анъанавии қирғиз: таърих, проблемаҳои нигаҳдорй ва тараққиёт» (Р. Амонова, Қирғизистон), «Овоз аз хори «Гимн ба эчодкор»-и М. Бегалиев» (Е. Лузанова, қирғизистон). Дар музокираҳо олимон ба хулосаи ягона омаданд, ки фалак омўхтан ва кашфи доимиро тақозо менамояд. Дар муайян ва тарғиб кардани ин намуди санъати мусиқй муносибати комплексй бояд кард. Фалак – ин санъати мусиқиест, ки дар қадимулайём пайдо шудааст ва имрўз қариб фаромўш шудааст. Аз ҳамин сабаб анъанаҳои қадимаи санъати мусиқиро сарфи назар аз байн рафтани он барқарор кардан даркор аст. Вале дар айни ҳол бо баровардани хулосаҳо ва додани баҳо нисбати фалак на бояд шитоб кард.

Мафҳуми «Фалак» дар фарҳанги точикй дар дарачаҳои гуногун дарк карда мешавад, он бисёрмаъно мебошад. «Фалак» айнан маънои «осмон», «кайҳон», «коинот»-ро дорад. Чунин маъноҳо, монанди «дунё», «вақт», «тақдир», «сарнавишт» шаҳодат медиҳанд, ки истилоҳи «фалак» дар маъноҳои гуногун истифода карда мешавад. Ҳамин бисёрмаъной алоқаи ин мафҳум бо замину осмон, дунёи моддю рўҳии ҳастии инсониятро нишон медиҳад. Дар тасаввуроти точикон «Фалак» чун махлуқи зинда мебошад, ки аз ў авф мепурсанд, ба ў бо хоҳиш мурочиат кардан ва омурзиш хостан мумкин аст. Инчунин ба фалак чун гунаҳкори тамоми бадбахти ва мусибатҳо муносибат менамоянд. Дар баъзе аз матнҳои сурудҳо сатрҳои назмие ҳастанд, ки дар онҳо одамон осмонро бо суханҳои ғазабомез, мисли золим, разил, манфур, ночиз, ниқорталаб, бадкина ва ғайра гунаҳкор мешуморанд. Одамони одди ба осмон нигоҳ карда, ба тақдири худ меноланд ва ин сурудҳо «фалакй» («қисматй») ном доранд. «Фалак» чун муносибати одам ба осмон ва Худо ташаккул ёфт, ин илтичо ва шикоят, ифодаи андўҳ ва сўзиши дил, ва ниҳоят, ғазаб ва алами одам ба тақдири худ мебошад. Дар «фалак» ҳиссиёт ва мулоҳизаҳои инсон оид ба ҳаёт ва тақдир, орзую умеди он, ғояҳои олии инсонй ванъаткорона инъикос ёфтаанд. Бинобар ҳамин жанри «Фалак» дар вазъиятҳои гуногуни ҳаёт ичро карда мешавад, онро ҳам якка ва ҳам коллективона дар тўйҳо, идҳои гуногун мехонанд, маросимҳои гуногун, аз чумла чаноза ва ғайраро мегузаронад. Дар амалияи мусиқии халқи точик намудҳои фалак, чун «фалаки даштй», «фалаки озод» ва «фалаки роғй» малуманд.
«Фалаки даштй» дар шакли озод якка, бе ҳамовозии асбобҳои мусиқй ичро карда мешавад. Барои ин намуди «Фалак» изҳори фаъолонаи ҳиссиёт, оҳанги суруди фарёд, ки азобу алами одамро ифода менамояд, хос аст. Сароянда дасташро назди гўшаш мемонад, ки гўё дарду маъюсиашро гўш менамояд. Диапазони васеи пуртаъсири суруд, мавзўъҳои гуногун, боиси сермаъноии «Фалаки даштй» мешавад. Масалан, дар Бадахшон суруди «Фалак», ки «Фарёди фалак» низ меноманд (дар Ишкошим «фарёд», дар Ванч «нола») дур аз хона, дар лаҳзаҳои ғамангез, дар чарогоҳ, ҳангоми хишова, дарав ва берун аз корҳои саҳро бе ҳамовозии асбобҳои мусиқй аз тарафи занон ичро карда мешавад. Мардон сурудро бо овози баланд рўзона дар роҳи дарав ё хирманкўбй, дур аз деҳа дар ҳавои кушод, шабона бошад – ҳангоми обмонй мехонанд. «Фалаки мотамй» низ вучуд дорад. Дар Бадахшон анъанаи ичрои «фалак» ҳангоми маросимҳои мотамй ва худой вучуд дорад. Маълумоти мусиқию этнографй гувоҳй медиҳанд, ки дар маросимҳои дафн занон (фалакгў) «пиёдафалак»-ро мехонанд. Дар маросими дафн (Рўшон, Шуғнон, Вахон) занон «Фалак» мехонанд ва мерақсанд.

Ба ичрои "Фалак" бо овози баланд сароидан ва элементҳои гиряву нола хос мебошад. Ин оид ба фарёди дил, ки ҳолатм маъюсй ва нооромии одамро нишон медиҳад, таассуроти ошкороро пайдо менамояд. Бо тамоми қувва ва бо овози баланд месароянд, то ки осмон (Худо)-ро оид ба фочеа хабар диҳанд ва ҳамдардиро хоста, ғаму андўҳро сабук гардонанд. Тасодуфй нест, ки "Фалак"-ро занон (модарон ва беваҳо), ки бадбахтй ва дарду аламро аз сар гузаронидаанд, ичро менамоянд. Дар Ванч инҳоро «фалакзан» (ичрокунандаи "Фалак") меноманд. Матни "Фалак"-ҳои ичрошаванда аз рубоиҳо ва баъзан аз дубайтаҳои маънои фалсафавй ва ичтимой дошта иборат мебошанд. Дар Вахон «рубоиҳо» мехонанд, ки аз марсияҳои бо гиряву нола иборат мебошанд.
«Фалаки даштй» инчунин дар варианти асбобҳои мусиқии най (тутак), ғижжак, сетор, рубоби бадахшонй, дутор (думбра) ичро карда мешавад. Бештар мусиқичиёни зерини ичрокунандаи "Фалак" маълуманд: ҳаким Маҳмуд, Зайдулло ва Фатҳулло Хочаевҳо, МуҳаммадатоТаваллоев (сетор), Холмурод Тағаев (най), Рустам Абдураҳимов (дутор-думбра). Онҳо дар паҳн ва тараққй додани анъанаҳои ичро кардани санъати "Фалак" роли муҳим бозидаанд.
Намуди дигари "Фалак" "Фалаки роғй" мебошад, ки сарояндагон бо ҳамовозии асбоби мусиқй, инчунин гурўҳи сарояндагон ва мусиқичиён ичро менамоянд. "Фалаки роғй" аз се силсила иборат аст. Силсилаи якум муқаддимавй буда, суруди якка ичро мешудагй аст ва дар суръати муътадил ичро карда мешавад. Суруд андозаи озод дорад ва дар регистри баланд ичро карда мешавад. Дар қисми дуюми силсила ба овоз асбобҳои мусиқй ҳамовоз мешаванд. Ба сурудхонии яккахон ҳофизони дигар, ки нақорот ё интиҳои ҳар як бандро мехонанд, низ ҳамроҳ шуда метавонанд. Қисми сеюми "Фалаки роғй" аз мусиқии рақсй – уфар иборат аст.

Дар нигаҳдорй ва тараққиёти жанри "Фалак" ва жанрҳои дигари мусиқии анъанавии точик ҳофизони халқй Рачабмад Валиев, Шариф Чўраев, Маҳмуд Султонов, Карими Шиш, Одина Ҳошимов, Гурминч Завқибеков, Давлатманд Холов, Наврўзшо Қурбонасейнов, Тағоймурод Хушбахтов, Муҳамадато Тавалоев, Муссавар Минаков, Сафармуҳаммад Муродов ва дигарон, инчунин мусиқичиёни намоёни Афгонистон Мирафкан Девафкани Шўғнонй, Муҳаммаднабй Хошарй, Каримфалак, Чурабек Карим и Рачабмуҳаммад Чўразода Чурмй (падар, писар ва набера), Дурмуҳаммадхон ва Бозгули Бадахшй ҳиссагузор мебошанд.
Дар ба вучуд овардани принсипҳои мусиқию назмй ва эстетикии "Фалак" занон низ, аз чумла ичрокунандагони машҳур Моҳчон Назардодова, Гулчеҳра Содиқова ва дигарон, ҳиссаи худро гузоштаанд.

Ҳиссиёти занона, ки "Фалак" баён менамояд, бо рамзу оини қадимаи точикон, таърихи меҳнатй ва маънавии онҳо алоқаманданд.
Анъанаҳои занонаи ичрокунии "Фалак" гуногунанд ва дар минтақаҳои алоҳидаи Точикистон (води Ҳисор), Афғонистон, Ўзбекистон ҳар хел мебошанд. Анъанаҳои ба худ хоси ичрокунии занонаи "Фалак" дар хусусиятҳои сохти эмотсионалй ва динамикаи тараққиёти образҳои бадей зоҳир мегарданд.
Образу интонатсияҳои "Фалак", ки дар ин жанр мебошанд, барои хештангароии бадей имкониятҳои калон фарҳам меоваранд ва дар эчодиёти бастакорони точик дарки нав ва тараққй ёфтаанд.Шаклу намудҳои гуногуни мусиқии нави касбии "Фалак" асоси тавлиди асарҳои нави шоёни диққат шудаанд. Дар байни онҳо асари аввалин дар ин самт – асари Ф. Одинаев "Фалак" барои думбра ва оркестри симфонй (1972) мебошад, ки дар ичрои мусиқачии маълуми халқй Ҳаким Маҳмудов (думбра) ва оркестри симфонии Москва сабт шуда буд. Ф. Одинаев асарҳои шоёни диққати дигарро низ эчод карда буд, ки дар асоси онҳо мурочиат ва бо тачдиди назари нав дарк кардани "Фалак" гузошта шуда буданд: "Фалак" барои рубоб ва оркестри асбобҳои халқй; "Фалак" барои овоз ва ансамбли асбобҳои халқй, ки аввалин маротиба ҳофизи маълуми халқй Нигина Рауфова ичро карда буд. "Фалак" дар эчодиёти бастакори дигари кўҳансоли точик Х. Абдуллоев чои муҳимро мегирад. Дар коркарди оҳангҳои халқй бастакор чунин асарҳо, монанди "Фалак барои уфар" барои овоз ва оркестри асбобҳои халқй, «Чархофалак» барои яккахон, хор ва фортепиано эчод карда шудаанд.Истифода намудани интонатсияҳо, элементҳои гуногуни фасеҳи жанри анъанавии мусиқии "Фалак" дар асарҳои вокалии бастакорони точик аллакай ба анъана даромадааст. Чунин асарҳоро, монанди «Ёди ватан»-и А. Мўсоев (ба шеъри Низом Қосим) барои овоз ва оркестри асбобҳои халқй, «Фарёди дуриҳо»-и Т. Сатторов, ки дар жанри синтетики кантатаю ораториалй эчод карда шудаанд, кайд кардан мумкин аст. Дар қатори жанрҳои вокалй бастакорони точик дар асарҳои барои асбобҳои мусиқй ба имкониятҳои бадеии "Фалак"-и анъанавй низ мурочиат менамоянд. Ин соната барои скрипка ва фортепиано, консерт барои оркестр, фортепиано, арфа ва асбобҳои мусиқии зарбй (бастакор Т. Сатторов), «Чархи гардун» барои скрипка, алт ва асбобҳои зарбй (бастакор К. Ҳикматов) мебошанд. Элементҳои фолклори Бадахшон, ки ба доираи образиашон ба фалак наздиканд, аз чумла «Лалаиқ», дар асарҳои симфонии З. Миршакар истифода карда мешаванд. Мусиқии эстрадии точик самти нав дар ба таври нав дарк кардани санъати халқии "Фалак" мебошад. Дар ин чо коркардишоёни диққати Ю. Лядов «Фалак бо уфараш»-ро ном мегирем, ки бори аввал сарояндаи эстрадии точик Муқаддас Набиева ва оркестри эстрадии «Гулшан» ичро карда буданд.

Ҳозиркунанда:
Муҳарам Комилова

Мутарчим:
Шарофиддин Нуриддинов

[Боз гашт]