2005 Naison Group
free counters



Rambler's Top100

Рейтинг@Mail.ru

SpyLOG


РЎЗҲОИ ФАРҲАНГИ РОССИЯ ДАР ТОЧИКИСТОН

Дар ин рўзҳои баъди дар замини меҳмоннавози Точикистон тантанаҳои Наврўз – иди баҳор, дар Точикистон рўзҳои фарҳанги Россия барпо гаштанд, ки гувоҳи кўшиши ду давлат ва халқ барои мустаҳкам намудани пайвастагиҳои бародарй, дўстй в бойгардонии дунёи маънавй мебошад. Вақте ки боз ба воситаи гузаронидани ин воқеаи муҳими фарҳангй анъанаҳои беҳтарин тараққй меёбанд, дилҳо шод мегарданд. Ташрифи ҳайати вакилони ходимони фарҳанги Россия дар Точикистон – ин қабл аз ҳама, дар принсипҳои инсондўстй муттаҳид кардани одамон, нисбат ба ҳамдигар пайдо намудани дилгармй ва ҳосил намудани муҳаббат ба зебой мебошад.
7 апрели соли 2004 дар комплекси кинову консертии ба номи Борбади маркази Точикистон – шаҳри Душанбе маросими кушодашавии Рўзҳои фарҳангии Федератсияи Россия дар Чумҳурии Точикистон барпо гардид. Дар қисми расмии маросими кушодашавй муовини сарвазири Чумҳурии Точикистон Хайринисо Мавлонова номаи табрикии Президенти Чумҳурии Точикистон Эмомалй Шарифович Раҳмоновро ба иштирокчиёни Рўзҳои фарҳангии Федератсияи Россия дар Чумҳурии Точикистонро қироат кард. Дар он гуфта шудааст, ки дар таърихи муносибатҳои хамдигарии фарҳангии Россияву Точикистон умумияти бисёре ҳаст, ки онро хуб қадр менамоем. Санъат, мусиқй, фарҳанг, адабиёт, алоқаҳои бефосила ва беназирро бунёд намуда, ба ҳамдигар таъсир расонидаанд. Насли зиёди мусиқачиён, овозхонҳо, актёрон, режисерҳо, бастакорон сабақи хеле хуби мактаби фарҳангии Россияро гирифтаанд. Ҳамкории фарҳангии мо анъанаҳои бой дорад. Бисёр шоирон, мутафаккирон ва ходимони фарҳанги Россияи бисёрмиллат дар бораи шоҳасарҳои адабиёти классики точик бо вачд харф задаанд, аз шеърҳои Рўдакй, Фирдавсй, Хайём, ҳофиз, Чомй илҳом гирифтаанд. Дўстй ва робитаҳои эчодии Садриддин Айнй ва Максим Горкий, Мирзо Турсунзода ва Николай Тихонов, Бобочон Ғафуров ва шарқшиносони рус то ҳоло намунаи робитаҳои дилписанди ҳамдигарии халқҳои мо мебошанд. Хурсандибахш аст, ки дар солхои соҳибистиқлолии Точикистон робитаҳои анъанавии фарҳангй ва ҳамкорй байни кишварҳои мо идома меёбанд, мустақилии фархангҳои миллй нигоҳ дошта мешаванд.
Дар навбати худ, роҳбари агентии Федералии оид ба фарҳанг ва кинематография Михаил Ефимович Швидкой бовари изҳор намуд, ки робитаҳои ҳамдигарии ду кишвар барои тараққиёти муносибатҳои дўстонаи байни халқҳои Точикистон ва Россия заминаи мусоид омода месозанд ва ба тараққиёти робитаҳои фарҳангии ду кишвар тамоили нав ба вучуд меоваранд. Имрўз барои ман дар ин саҳна истода рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Точикистонро кушодан боиси ифтихор мебошад. Дар кишвари шумо ҳисси махсуси муносибат ба зебой ва ёфтани рози дили одамон ҳукмфармост. Оид ба эътибори шеърҳои Рўдакй, Ҳофиз, Умари Хайём барои точикон ва онҳое, ки дар Иттиҳоди Шўравй умр ба сар бурдаанд, на бояд ман ҳарф занам. Вақте ки мо асарҳои ин мутафаккирон ва шоирони бузурги точикро мекушодем фикр мекардем, ки ба дунёи махсуси зебой ва ҳисси махсуси хаёт даст мерасонем. Бовари дорам, ки дар чумҳурии шумо дар даҳсолаҳои охир, вақте ки кишвар соҳибистиқлол шуд, ин ҳиссиёти зебой нигоҳ дошта шудааст, чунки талабот нисбат ба зебой хеле баланд аст. Он муносибатҳое, ки бо адамони кишвари шумо, ходимони фарҳанг, намояндагони чамъият доштем, исбот менамоянд, ки ин ҳиссиёт тараққй ёфтааст ва ҳатто дар он солҳои душвори чанги шаҳрвандй, ки хушбахтона итмом расидааст, мустаҳкам гаштааст. Шумо ҳаёти сулҳу осоишта, аҳамият ва самараи онро ҳис намудед. Имрўз Рўзҳои фарҳанги дар Точикистон барои он мегузаранд, ки бо роҳбарии Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалй Раҳмонов чумҳурии шумо даври устуворй ва тараққиётро аз сар мегузаронад. Имконияти баромад кардан дар кишвари зебоманзари шумо барои ходимони Россия хеле муҳим аст. Ва ман умед дорам, ки ин Рўзҳо ибтидои даври сифатан нав дар тараққиёти алоқаҳои маънавии мо хоҳад шуд. Дар бораи Точикистон шахсан дар ман доимо хотироти гуворо боқй мемонад.
Имрўз пагоҳй, ба мучассамаи хеле зебои Сомониён гулчамбар мегузоштем, ман бо дўстони худ хатмкардагон ва шарикдарсони худ аз донишкадаи театрй вохўрдам ва ба ман чунин менамуд ки моро на солҳо, на кишварҳои гуногун на сарҳадҳо, на вақтҳои барои ҳамаи мо душвор чудо карда наметавонанд, ва чунон менамуд, ки мо амчоя аз гулгашти донишкада баромадем ва ба чое бо роҳи ҳаёт равонем. Ба ақидаи ман барои ду халқҳои мо ин ҳиссиёти умумият ва роҳи умумй то ин рўз нигоҳ дошта шудааст. Ман шодам, ки аз номи роҳбарифти Федератсияи Россия халқи точикро табрик менамоям ва барои муҳайё намудани шароити пешкаш намудани санъати Россия дар кишвари зебоманзари шумо миннатдорй изҳор менамоям. Дар навбати худ, ман шодам, ки ҳамроҳи вазири фарҳанги Чумҳурии Точикистон Рачабмад Амиров созиш ҳосил намудем, ки дар соли 2005 артистони точикро дар сарзамини Россия хушнудона қабул намоем, то ки онҳо дар кишвари мо низ чун дар Душанбе самимона истиқбол карда шаванд. Мо ба шумо консерти идонаро овардем. Ичозат фармоед, чун нишони эҳтироми хоса ва дўстии самимона ҳамроҳи мусиқии мо ҳиссиёти аз дилу рўҳи русиро тақдим намоем. Ба точикон барои меҳмоннавозии точикона ҳазор ташаккур изҳор менамоям.
Баъд сурудҳои миллии Федератсияи Россия ва Чумҳурии Точикистон садо доданд.
Лаҳчаи ширини барандаи консерт – ҳунарпешаи шоистаи Россия Галина Преображенская, ки халқи точикро аз номи ҳайати эчодии Россия ба забони точикй табрик намуд – «Салом аз Федератсияи Россия ба Точикистони зебоманзар», ба гўшҳо форид ва ба худ чалб намуд.
Асарҳои П.И. Чайковский, Дунаевский дар ичрои моҳиронаи оркестри камеравии «Московия» зери роҳбарии ҳунарпешаи халқии Россия Эдуард Грач, адажио аз балети «Дон Кихот» дар ичрои ҳунарпешаи шоистаи Россия ва ҳунарпешаи халқии Чумҳурии Тотористон Лилия Мусаварова ва ҳунарпешаи халқии Чумҳурии Тотористон Айдар Аҳмедов, «Вальс»-и А.Хачатурян, намоишҳои мусиқй ба драмаи М. Лермонтов «Маскарад» дар ичрои квартети «Московская балалайка», «Цыганская песня» ва «Ночь светла» дар ичрои яккахон, дорандаи озмунҳои байналхалқй Маргарита Марун, «Маленький принц», «Заклятье» дар ичрои дорандаи озмунҳои байналхалқии ичрокунандагони сурудҳои эстрадии «Славянский базар» ва «Радуга талантов» Елена Гуляева, «Калинка» ва «Чечётка» дар ичрои ҳунарпешагони Ансамбли давлатии рақсии Москва «Русские сезоны», породияҳои мусиқии ҳунарпешаҳои шоистаи оссия Михаил Вашуков ва Николай Бандурин, сурудҳои халқии русй дар ичрои ҳунарпешаи халқии Россия Сергей Захаров тамошобини точикро бешавқ намонданд. Тамошобинон дурудароз чапакзанй менамуданд ва хунурпешагонро аз саҳна рафтан намемонданд ва беист «браво» ва «бис» мегуфтанд.
Иди дўстй ва фарҳанги Россия аз 7 то 12 апрели соли 2004 идома ёфт.
Халқи точик на танҳо бо санъати мусиқии Россия шинос шуд, инчунин имкон дошт, ки дар Музеи миллии Точикистон ба номи Камолиддин Беҳзод намоишгоҳи санъати декоративию тасвирии Россияро тамошо намояд. Дар ин намоишгоҳ эчодиёти марказҳои анъанавии санъати халқй, ки ифтихори миллии санъати ватанй ва чаҳонй мебошад, ба пешкаш карда шуда буд. Ин санъати Хохломаи тиллой, дўхти тиллоии Торжок, кандакориҳо дар чўби Гордетск, миниатюраҳои локии (чилоии) Федоскино, Палеха, Мстера, Холуя, нақшу нигор дар лаълии Нижний Тагил ва Жостов, миноҳои (сирҳои) Ростов ва Вологда, чинихои Гжел, Кисловодск, Ломоносов, Вербилков, кандакориҳо дар санги Урал, санъати халқии бошқирдй ва мордвагй, гулдўзии рязанй, крестетсй ва чкаловй, ҳошияҳои вологдавй ва елетсй, матрёшкаҳои (лўхтакҳои чўбини) русй ва бозичаҳои гилй мебошанд.
Экспозитсия, ки зиёда аз 300 асарҳои устоҳои халқиро дарбар мегирад, дар бораи гуногуншаклии санъати тасвирии хунармандони халқии Россия – табақаҳои қаърии фарҳанги миллй маълумоти равшан медиҳад.

Дар доираи барномаи Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Чумҳурии Точикистон дар Душанбе фестивали филмҳои Россия бо иштироки актер ва киномуқарризони маъруф барпо гардид.
Рўзи охирини барномаи фарҳангй – 11 апрел дар Стадиони чумҳуриявии ба номи Фрунзе чавонони шаҳри Душанбе чамъ омаданд то ки бо гурухи номдори «Отпетые мошенники» вохўранд.
Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Чумҳурии Точикистон ба охир расиданд. Хайрбод доимо ҳузновар аст, вале точикистониҳо бо дўстони видоъ наменамоянд ва ба вохўрии наздик бо ходимони эчодкори Россия умед доранд. Комилан аён аст, ки хотираҳои фаромўшнашавандаи вохўриҳо бо намояндагони санъат ва халқи Россия дар дили халқи точик муддатҳои тўлонй боқй мемонад.
Мо мегўем, ки «Хуш омадед», «Марҳамат ба Душанбе»

Ҳозиркунанда:
Муҳарам Комилова

Мутарчим:
Шарофиддин Нуриддинов

[Боз гашт]