2005 Naison Group
free counters



Rambler's Top100

Рейтинг@Mail.ru

SpyLOG


ФЕСТИВАЛИ ЯКУМИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ДУШАНБЕ ОИД БА МУСИҚИИ ҲОЗИРАЗАМОН

Аз 14 то 19 маи соли 2004 бо дастгирии молиявии Ҳукумати шаҳри Душанбе, Mаркази гуфтугўи фарҳангҳо дар назди бунёди Зиёдулло Шаҳидй, Сафоратҳои Франсия ва Австрия дар Точикистон, Маркази фарҳангии "Бохтар" дар пойтахти Чумҳурии Точикистон шаҳри Душанбе воқеаи муҳими фарҳангй - Фестивали якуми байналхалқии Душанбе оид ба мусиқии ҳозиразамон барпо шуд. Оид ба ин иди калон ба шаҳриҳо эълонномаҳои реклама ва садоҳои даъваткунандаи карнай, ки ба кушодашавии фестивали ба 90-солагии рўзи таваллуди патриархи бузурги мусиқии ҳозиразамони точик Зиёдулло Шаҳидй ва 80-солагии шаҳри Душанбе бахшида шуда буд, хабар медоданд. Сарчашмаи тафаккури мусиқии ҳозиразамони Точикистон дар қатори мусиқии классикй ва фолклор, мусиқии халқҳои дигари Осиёи Марказй, инчунин мусиқии классики рус ва аврупой, умуман, тамоми мусиқии чаҳон мебошад.
Зиёдулло Шаҳидй (1914 - 1985) сарчашмаҳоро синтез ва эчодкорона сарфаҳм рафта, меомўхт. Ў дар Самарқанд таваллуд шуда, дар 18-солагй ба Душанбе омадааст. Дар сини баркамол, вақте ки бастакори маълуми миллй буд, ба Консерваторияи Москва дохил шуд ва онро чун бастакори класси байналхалқй хатм намуд. Дар солҳои Чанги дуюми Чаҳонй ва то солҳои 80-ум ў ҳамроҳи ҳамзамонони худ шаклҳои нави мусиқии ҳозиразамонро ба вучуд овард.
Сурудҳои Зиёдулло Шаҳидй, мусиқй ба намоишномаҳои аввалини точик, коркарди сурудҳои халқй дар ичрои сарояндагони Точикистон, Осийи Марказй, Россия, Кавказ ва Назди Балтика, мусиқии ў ба кино, сюита ва корҳои аввалин, опереттаҳо, симфонияҳо ва операҳо дарвоқеъ байналхалқй ва барои фазои мусиқии Иттиҳоди Шўравй дастрас гаштаанд. Имрўзҳо ин асарҳо дар Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Британияи Кабир ва Франсия, Олмон ва Шветсия, Австрия ва Канада, Япония ва Миср бо завқ қабул карда мешаванд.

Даҳсолаҳои охири асри 20, ки Точикистон чанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд ва ин чанг ба мусиқии касбии замони мо зарбаи таъсирбахш расонд, барои ҳаёти фарҳангии кишвар ҳалкунанда буданд. Бисёр мусиқичиён ва ичрокунандагони жанрҳои калони мусиқй Точикистонро тарк карда бошанд ҳам, қисми асосии бастакорон ва ичрокунандагон дар кишвар монд ва тамоми чораҳои имконпазир ва баъзан ғайриимконпазирро мечўянд, ки шўҳрати пештараи мусиқии точикро барқарор намоянд. Ин фаъолият аз тарафи чомеаи чаҳон бо рағбат пазируфта мешавад.
Бинобар ҳамин Маркази гуфтугўи фарҳангҳои назди Бунёди байналхалқии Зиёдулло Шаҳидй, Вазорати фарҳанги Чумҳурии Точикистон, Театри опера ва балети ба номи С. Айнй, Сафоратҳои Франсия ва Австрия дар Точикистон бо ҳамкории Иттифоқи бастакорони Точикистон, Консерваторияи миллй, Коллеч-интернати ба номи Зиёдулло Шаҳидй, Маркази фарҳангии "Бохтар" бо ташаббус оид ба гузаронидани Фестивали байналхалқии бахшида ба 90-солагии устод Зиёдулло Шаҳидй ва 80-солагии шаҳри Душанбе, ки ба он сурудҳои бошукўҳи хешро бахшида буд, баромаданд.
Зиёдулло Шаҳидй созандаи фаъоли фарҳанги ҳозиразамони Точикистон буд, солҳои дароз Иттифоқи бастакорони Точикистонро сарварй мекард, дар давоми зиёда аз 20 сол депутати Шўрои Олии Точикистон буд.
Фестивал бо мақсадҳои зерин амал менамуд:

- ба эчод намудани имичи ҳозиразамони шаҳри Душанбе, пойтахти Точикистон мусоидат намудан;
- дастгирй намудани тараққиёти санъати мусиқии ҳозиразамони Точикистон;
- диққати чомеаи мусиқии чаҳонро ба маркази фарҳангии мамлакат ва иқтидори мусиқии он чалб намудан; - даъват рамудани чомеаи чаҳонй ба дар шакли CD ё DVD аз нав нашр намудани коллексияҳои мусиқии халқй, классикй ва ҳозиразамони Точикистон;
- дар Душанбе таъсис додани Маркази мусиқй, ки фаъолияти байналхалқии мусиқии кишварро дар се дарача (миллй, минтақавй ва глобалй) мутобиқ намояд;
- дар сатҳи парламент эътироф кардани ҳамкориҳои байналхалқии минтақавй;
- таъсис додани барномаи васеи иттилоотии точикистонию чаҳонй; - қабул кардани мурочиатнома ба доираҳои олии сиёсй оид ба дастгирй ва истифода кардани мусиқии ҳозиразамони Точикистон дар гуфтугўи фарҳангҳо чун воситаи таъсирбахши сулҳоварй дар марҳилаи ҳозира;
- дастгирй кардан ва тараққй додани мароқи чомеаи мусиқии чаҳон ба худшиносии мусиқии точикистониҳо, инчунин таъсири ҳамдигари миллй ва глобалии фарҳангҳои мусиқии Осиёи Марказй ва чаҳон.

Дар барномаи консертии фестивал Оркестри симфонй, хор ва яккахонҳои Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнй, сардирижёр, роҳбари бадей Берон Меробов, сархормейстер Холмамад Мачидов, саррежисёр Шамсй Низомов, Ансамбли камеравии коллеч-интернати чумҳуриявии мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидй, дирижёр Чурахон Обидов иштирок карданд. Роҳбари бадеии консертҳо Толиб Шаҳидй ва Фарангис Нуруллохоча буданд.
Тамошобинон баромади якканавози дар скрипка Константин Вейтца (Австрия), тенори бисёр хуб Торе Сверрадалла (Шветсия), инчунин ичрокунандагони точик Бурҳона Маматқулова, Миралй Дўстиев, Акбар Миррачабов, Нигина Обидова, Азалия Галиахметова, Сурайё Абдуллаева, Шафақ Касымоваро самимона ва рўҳбаландона пазируфтанд. Дар Хонаи кино бошад, баъди тамошои филм-балети "Рубоиҳои Хайём" (муаллифи мусиқй Толиб Шаҳидй) ба ҳунари чозибаноки ситораи балет - Малика Собирова, ки мутаассифона барояш роли охирин буд, чапакзаниҳои пурмавчи дурудароз карданд.

Мо дар даври гуфтугў бо фарҳангҳои гуногун зиндагй дорем. Барои ба фарҳанги хеш баҳо додан аз ҳудудҳои он берун шудан даркор аст, чунки дар ҳолат баръакс фарҳанги худ аз ҳар гуна махсусият маҳрум намудор мешавад. Инсони ҳозира ба худ бояд аз ҳар тараф назар афканад. Аз ҳамин лиҳоз, дар доираи Фестивали байналхалқии мусиқии ҳозиразамон конференсияи илмию амалй дар мавзўи "Гуфтугўи фарҳангҳо чун асоси сулҳоварй" барпо гардид.
Конференсияро фарҳангшоноси маъруф Мунира Шаҳидй кушода, қайд намуд, ки тамошобинони точик бо хушнудии калон дар дарачаи мусиқй ҳамдигарфаҳмии меҳмонони хоричиро пазируфт. Аз чумла, раққоса аз Франсия (Лоренс Левассер), скрипканавоз аз Фвстрия (Константин Вейтс) ва пианинанавози моҳири Точикистон (Сурайё Абдуллаева). Мо санъати баланди гуфтугў бо фарҳангҳои дигарро эҳсос намудем. Барои ман махсусан муҳим буд, ки баъди барномаи консертии фестивал мусиқишиноси австриягй Ричард Штайлер дар сўҳбат бо меҳмон аз Шветсия Торе Сверрадал ақидаи хеле диққатангезро изҳор намуд: онҳо ба ушанбе барои чабҳаҳои умумии фарҳангҳои моро барои ҳамдигар кашф намудан оянд. Ман инчунин қайд карданиам, ки ба нуқтаи назари сулҳоваронаи Президенти Чумҳурии Точикистон Эмомалй Раҳмонов чомеаи чаҳонй баҳои баланд медиҳад. Сардори давлат бо тамоми фаъолияти хеш ошкоро будани сиёсати миллии гуфтугўи фарҳангҳоро нишон медиҳад. Масъалаи дигар ин аст, ки асоси ҳуқуқии гуфтугўи фарҳангҳо ва ҳолати ҳозираи он тараққиёти тезтарро тақозо менамояд. Ман ба қарибй дар Бишкек будам, ки он чо мизи мудаввар оид ба масъалаҳои асоси ҳуқуқии гуфтугўи фарҳангҳо барпо шуд. Ва ман бо профессор С. Рогоживич аз Хорватия ҳамфикрем, ки ба ақиджаи ў маҳз ходимони фарҳанг кўшиш намоянд, ки сиёсатмадоронро ба фаҳмидани муҳимии фактори фарҳанг тарғиб намоянд.

Фарҳанги точик дар чои васли фарҳангҳои зиёд қарор дорад ва ба сулҳоварй асос ёфтааст, яъне ба саъю кўшиши ҳамдигарро фаҳмидан. Аз ҳамин сабаб ҳамин гуна конференсияҳо махсусан заруранд, то ки моҳияти фарҳанги точикиро дар миқёси чаҳон баён карда, якчоя дар чаҳон чои сазовор пайдо карда шавад.
Иштирокчиёни конференсия оид ба фарҳанг дар замони ҳозира, аз чумла набудани мутахассисони тарчумаи бадей ва тадқикоти муқоисавии фарҳангҳо, мувофиқати матн ва оҳанг, тачаддуди операи точик ҳарф заданд. Инчунин ба хулосаи ягона омаданд, ки муносибатҳои байнифарҳангиро ба сифати омили муҳим ба пешгирй кардани мочароҳои нав мусоидаткунанда пойдор карда шавад, гуфтугўи фарҳангҳо вусъат дода шавад, ба дўстии халқҳо ва муносибатҳои осоишта мусоидат карда, душмании нисбати ҳамдигарро имконнопазир менамояд. Фарҳанг аз сиёсат бояд болотар бошад.

Ҳозиркунанда:
Муҳарам Комилова

Мутарчим:
Шарофиддин Нуриддинов


[Боз гашт]