2005 Naison Group
free counters



Rambler's Top100

Рейтинг@Mail.ru

SpyLOG


ҚИРҒИЗИСТОН ДАР ЧУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН

20 майи соли 2004 дар комплекси давлатии "Кохи Борбад" (шаҳри Душанбе) маросими кушодашавии ботантанаи рўзҳои фарҳанги Чумҳурии Қирғизистон
дар Чумҳурии Точикистон барпо гардид, ки дар он сардорони ду давлат иштирок намуданд.
Президенти Чумҳурии Точикистон Эмомалй Раҳмонов ба унвони ходимони фарҳанги Қирғизистони бародар, меҳмонони қирғиз суханҳои табрикотии самимона изҳор намуд. Ҳиссиёте, ки моро ҳангоми вохўрй бо шумо фаро гирифтааст, бо пуррагй шеъри Рўдакии бузург ҳазор сол қаблгуфта ифода карда метавонад: "Ҳеч шодй нест андар ин чаҳон, бартар аз дидори рўи дўстон." Рўзҳои фарҳанги қирғиз дар Точикистон
Дар марҳалаи таърихи муносибатҳои байни ду кишвари ҳамсояи дўст воқеаи махсусан муҳим мебошанд. Инчунин ба сафари расмии Президенти Чумҳурии Қирғизистон Аскар Акаевич Акаев рост омадани ин воқеаи фаромўшнашаванда, ба он аҳамияти махсус мебахшад.

Точикон ва қирғизон асрҳои аср дар ҳамсоягй зиста, нисбати ҳамдигар эҳтироми самимй ва таваччуҳи ҳамдигарй мепарвариданд. Ин дўстй санчишҳои зиёди оид ба пойдорй раводидаи таърихро гузашта, боз ҳам устувортар гашт. Дар шароити нави тараққиёти соҳибистиқлолонаи ду кишвар, чун қабл, дар рўҳияи дастгирй ва ҳамсоягии дўстона муносибатҳои навро бунёд карда, ин дўстй ба асосҳи пешина такя менамояд. Дар ҳазорсолаи нав симои чаҳони имрўза бо глобализатсияи то ин вақт диданашудаи тамоми дарачаҳои фаъолияти ҳаёт муайян карда мешавад. Дар қатори чиҳатҳои мусбии ин протсесси аз чумла, барои Осиёи Марказй низ аҳамияти калондошта, чаҳон ба ситезачўии глобалии хусусияти экологй, иқтисодй, ичтимой ва сиёсй дошта дучор омад, ки терроризм ва экстремизм хавфи калон доранд. ҳеч давлат дар танҳой аз ўҳдаи бартараф намудани ин таҳдид баромада наметавонад. Дар ин шароит тамоми ин ҳодисаҳоро бо мусулмонон, ба дини мубини ислом алоқадор кардан, моро бепарво гузошта наметавонад. Чунин кўшишҳо бо мақсади бартараф кардани ситезачўй ва таҳдидҳои нав умумияте надоранд. Дар ин чода муттаҳид кардани амалҳои дар доираи кўшиши чомеаи чаҳонй барои намояндагони фарҳанг аҳамияти калон дорад, ки онҳо вазифаи начибоани муқаррар кардани робитаи байни халқҳо ва тамаддунҳоро доранд.

Дар баробари ҳамин Чумҳурии Точикистон тараққиёти ҳаматарафаи идеалҳои волои фарҳанг, васеъ ва чуқур намудани табаддулоти фарҳангй ва ҳамкории минтақавиро самти аввалиндарачаи сиёсати берунии худ мешуморад ва монеаи паҳншавии ғояҳои барои халқҳои мо бегона мебошад. Халқҳои мо фарҳанги ғании қадима доранд, ки он берун аз марзҳои минтақа маълум аст ва намояндагого он шўҳрати чаҳонй доранд. Чараёни ғанигардонии ҳамдигарии фарҳангҳои ду халқи ҳамсоя дар даврони садсолаҳо идома меёфт. Точикон эпоси халқии Манасро хуб медонанд, асарҳои барчастаи яке аз намояндагони адабиёти ҳозиразамони чаҳон Чингиз Айтматов дар мо шўҳрати калон дорад. Бо эчодиёти ходимони фарҳанги қирғиз, монанди Қосимбеков, Содиқбеков, Акаев ва бисёр дигарон мо на аз рўи шунид шинос ҳастем. Дар чабҳаи гул-гулшукуфии Точикистон ҳамватанони қирғизи мо ҳиссаи сазовор мегузоранд. Чун қисми аслии чамъияти бисёрмиллати мо дар ҳаёти моддй ва маънавй роли муҳим мебозанд.

Дар навбати худ Президенти Чумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев хушнудии бепоён изҳор намуд, ки боз дар шаҳри зебои Душанбе мебошад ва бо дўсти дерина ва бузурги хеш Эмомалй Раҳмонов, инчунин бо халқи точик, ки тақдири он бо халқи қирғиз бо робитаҳои чудонашавандаи дўстона алоқаманд аст, вохўрд. Барои ҳар як қирғизистонй будан дар Душанбе, дар Точикистон - ватани модари бузурги мо Каникейапа доимо шарафи бузург аст. Ин заминро осоишта ва гул-гулшукуфанда дидан махсусан гуворо аст. Вай дар ин рўзи баҳор фавқулодда зебо аст ва гўё худи табиат ба сулҳу ҳаёт дар Точикистон шодй мекунад. Мисли давиши пуриқтидор, ки ба энергияи адонашавандаи ҳаёт ҳаракат менамояд, кишвари шумо бо роҳи мустаҳкамкунии давлатдорй ва устувории чомеа ҳаракат менамояд, иқтидори иқтисодиро мунтазам вусъат медиҳад, қувваҳои интеллектуалй ва фарҳангии халқи зебои точикро эҳё месозад.

Ба муваффақиятҳои Точикистони бародар, ба рўйҳои пурнури шумо назар карда, боз ьоварй ҳосил менамоям, ки сулХ ва оромй - арзишҳои олитарин барои халқҳои мо мебошанд. Аз ҳаёти инсон ва имконияти дар кишвари хеш оромонаю бунёдкорона зиндагй ва кор кардан чизи кимматтаре нест. Мо қирғизистониҳо - дўстони самимии шуморо Кадамҳои боэътимоди шумо Эмомалй Шарифович оид ба интихоби роҳи инсонпарварй ва демократикунонии чомеаи Точикистон хушнуд месозад. Мо низ тарафдори арзишҳои олии ҳаёти инсон ва ҳуқуқи инсон, демократия ва озодй, сулҳ ва осоиш мебошем. Вале ман ба қарибй фаҳмидам, ки мувофиқи баҳои экспертҳои байналхалқй дар озодии матбуот шумо аз Қирғизистон пеш гузаштаед,агарчи мо доимо ҳисоб мекардем ки пеш ҳастем. Боварй дорам, ки кишварҳои мо роҳи дурустро пеш гирифтаанд. Озодй ва демократия, сулҳ ва осоиш - ин он замини файзбор аст, ки энергияи волои мардум, фарҳанг, санъатро тавлид менамояд ва қалби одамонро барои эчодиёт мекушояд. Кушодани рўзҳои фарҳанги Чумҳурии Қирғизистон дар Чумҳурии Точикистон барои ман иди калон аст. Дар солҳои мураккаби тараққиёти соҳибистиқлолона мо дар Қирғизистон кўшиш ба харч додем, ки иқтидори

 фарҳангиамонро на танҳо ҳифз намоем, балки инчунин онро афзун намоем. Мо кўшиш намудем, ки арзишҳои маънавию фарҳангиамонро ба чомеаи чаҳонй бирасонем. Имрўз фарҳанг ва санъати қирғиз дар чаҳон хуб даркшаванда аст ва на бу туфайли асарҳои машҳур ва корҳои патриархи мо Чингиз Айтматов, балки инчунин бо бозёфтҳои нав ва истеъдодҳои чавони мо. Мо чунин мешуморем, ки ягон зарраи истеъдоди эчодиро пош хўрондан мумкин нест. Ин сарвати бебаҳои фарҳанги миллй мебошад. Бунёди мо "Мейерим", ки Майрам Акаева роҳбарй менамояд бр ғамхории модарона тамоми вақт ва қувваи хешро барои дарёфт кардан ва парваридани ин қобилиятҳои нав ва истеъдодҳои нави чавон сарф менамояд. Мо имрўз ба шумо комёбиҳои беҳтарини санъати қирғизро дар намуд ва жанрҳои гуногуни он пешкаш менамоем. Дар давоми якчанд рўз бародарони точики мо имкон пайдо менамоянд, ки садов а дили халқи моро бинанд ва шунаванд. Боварй дорам, ки тамошобинони точик баромади устодони санъати моро баҳои сазовор хоҳанд дод.

Мо бо ҳиссиёти самимонаи беҳтарин омадем ва ба чавоби гарми дилҳои шумо умед дорем. Мо байни кўҳҳои баланд умр ба сар мебарем, вале ҳатто инҳо наметавонанд, ки ба парвози садоҳои зебову сурудҳои мо монеъ шаванд, чунки онҳоро дили халқ ба олам овардаасту рост ба осмони зебо боло шуда ба дилҳои мо фуруд меоянд. Сатрҳои сарояндаи назми бузурги точикро шунида истода, дар сурудҳои бисёр хуби шумо ман доимо хешутабории наздики дилҳои халқҳои моро ҳис менамоям, шаҳасарҳои адабиёти точикй-форсй "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсй, рубоиҳои Умари Хайём, ғазалҳои Ҳофиз аз солҳои наврасй дар дили ман, чун дар дилҳои бисёр қирғизистониҳо, чой гирифтаанд. Дар Чумҳурии Қирғизистон, чун дар тамоми чаҳон, эчодиёти Абдулқосима Лоҳутй, Мирзо Турсунзода, Садриддин Айнй, Зиёдулло Шаҳидй, Малика Сабирова, Дамир Дўстмуҳаммадовро хуб медонанд, ба санъати Толиб Шаҳидй, Зарина Миршакар, Фирўза Баҳор, Талаб Сатторов мафтун мешаванд. Моро писанд меояд, ки Консерваторияи миллии Қирғизистон бо Точикистони бародар робитаҳои мусиқиро муқаррар намудааст ва бастакор, педагог, ходими чамъиятй Талаб Сатторов аз чониби Точикистон барои ин кўшиши зиёде мекунад. Мо боварй дорем ва ба Консерваторяи миллии Точикистон ояндаи дурахшон орзу менамоем.

Ман умед дорам, ки анъанаи мубодилаи фарҳангие, ки барқарор карда истодаем, боз як банди мустаҳкамкунадаи дўстии абадии мо шавад. Ин дўстй аз вақте ки ҳазор сол қабл сарлашкари мо Манаси олиҳиммат духтари бузурги халқи точик Каникейро ба занй гирифта буд, оғоз меёбад. Ҳатто дар вақтҳои душвортарин мо ҳеч гоҳ бо Точикистони бародар робитаҳои фарҳангии инсониамонро наканда будем. Ичозат фармоед, ки ман кушодашавии Рўзҳои фарҳанги Қирғизистонро дар Чумҳурии Точикистон табрик намоям ва роҳи сафед орзу намоям.
Бо ҳамин қисми расмии кушодашавии ид ба итмом расид. Консерти бошукўҳ, ки ба Рўзҳои фарҳанги Чумҳурии Қирғизистон дар Чумҳурии Точикистон бахшида шуда буд, оғоз ёфт. Тамошобинон бо вачд ба амалиёти театрикунонидашудаи саҳна диққат равона намуданд. Дар зери мусиқии форам прологи "Дар бораи замин Манас" садо дод.

Композитсияи мусиқии "Тўй", "Ибарат" дар ичрои Оркестри давлатии академии асбобҳои халқй ба номи К. Орозов (Ҳунарманди Шоистаи Чумҳурии Қирғизистон Р. Аманова, Б. Шатенов, Чолпон Мелис қизи), ансамбли бачагонаи қомузчиёни ба номи М. Абдраев (дирижёр - Ҳунарманди Шоистаи Чумҳурии Қирғизистон, лауреат озмунҳои байналхалқй Б. Тилегенов), санъати аълои ичрокунандагии Ҳунарманди Мардумии Иттиҳоди Шўравй, лауреати Мукофоти давлатии ба номи Токтогул, профессори Консерваторияи миллии Қирғизистон С. Токтакунова ва Ҳунарманди Шоистаи Чумҳурии Қирғизистон Э. Асаналиева, Ҳунарманди Мардумии Чумҳурии Қирғизистон Т. Жакшиликова ва Ҳунарманди Шоистаи Чумҳурии Қирғизистон З. Наринбаева, Ҳунарманди Мардумии Чумҳурии Қирғизистон, лауреати Мукофоти давлатии ба номи Токтогул К. Турапов, суруди ба забони точикй ба таври аъло ичрокардаи яккахон З. Мавлонова (аз Филармонияи миллии Қирғизистон ба номи Т. Сатилганов), маҳорати Ансамбли қомузнавозон шунавандаро ба чаҳони арзишҳои фарҳангии халқи қирғиз бурданд, бо комёбиҳои ҳозиразамони он дар мусиқй шинос намуданд.
Қадрдонони санъати опера имконияти шунидани асарҳои Ч. Россини (арияи дон Базилио аз операи "Сартароши севилй" дар ичрои Ҳунарманди Мардумии Чумҳурии Қирғизистон Т. Жакшиликов), А. Челиа (гиряи Федерико аз операи "Арзелианка" дар ичрои Ҳунарманди Мардумии Чумҳурии Қирғизистон, , лауреати Мукофоти давлатии ба номи Токтогул К. Турапов), Ч. Верди (суруди сари дастархон аз операи "Травиата" дар ичрои К. Турапов, Э. Эсанкулов, З. Мавлонова) ва дигарҳоро доштанд.
Албатта, барномаи гуногуни ходимони санъати Чумҳурии Қирғизистон, либосҳои зебои милли касеро бетараф нагузоштанд ва дар дилҳои точикон таассуроту хотироти фаромўшнашаванда боқй гузоштанд. Мо боз дўстони қирғизи хешро дар сарзамини меҳмондўсти Точикистон интизорем.

Ҳозиркунанда:
Муҳарам Комилова

Мутарчим:
Шарофиддин Нуриддинов

[Боз гашт]