2005 Naison Group
free counters



Rambler's Top100

Рейтинг@Mail.ru

SpyLOG


КИНОИ ЯПОНИЯ
Дар Хонаи кинои шаҳри Душанбе бо ташаббуси Сафоратхонаи Япония дар Чумҳурии Точикистон аз 26 то 28 маи соли 2004 намоиши филмҳои пурраметражи мултипликатсионии «Мурғи фурўзон» (режиссер Отаку Сугияма, соли 1980) ва «Шоҳзодаи офтобии часур» (режиссер Такахата Исао, муаллифи стсенария Фукадзава Кадзуо, соли 1968) барпо шуд.
Дар давоми се рўз толори на чандон калони Хонаи кино бо кўдакону калонсолон пур буд, ки онҳо бо шавқу завқи калон рафти сюжети афсонаҳоро мушоҳида мекарданд.
Дар «Мурғи фурўзон» ояндаи дур нишон дода шудаст, ки Замин чумҳурии ягона гаштааст. Ба сабаби норасоии энергия сокинони замин вулқонҳоро бедор карданй мешаванд, то ки энергияи онро истифода баранд. Вале ин ба сайёра бо фалокат таҳдид менамояд. Сардори ҳукумат ба шикорчии кайҳонй Годо фармон медиҳад, ки мурғи фурўзон – махлуқи кайҳонии қувваи бепоён ва абадй доштаро пайдо намояд. Годо, роботи вафодор Орга ва олим Сарта барои чустучўи он мераванд. Кори онҳо омад мекунад ва онҳо мурғи фурўзонро меёбанд. Дар муборизаи нобаробар олим вафот менамояд. Годо барои начот додани Орга ба оташи афканандаи мурғ дохил мешавад. Танҳо ҳамин вақт сарфаҳм меравад, ки ў Оргаро дўст медорад ва барои ба ҳаёт баргардонидани ў часурона кўшиш менамояд. Мўъчиза рўй медиҳад. Орга зинда мешавад, мурғи фурўзон ғайб мезанад. Годо аз кучое овози ўро мешунавад, ки чй тавр начот додани Заминро хабар медиҳад. Годо ва Орго ба Замин равона мешаванд.
Афсонаи «Шоҳзодаи офтобии часур» дар бораи писарбачаи далер Холс ривоят мекунад, ки ў аз одам-харсанг Могу шамшери офтобиро гирифта, ба воситаи он дев Грюнвалдро, ки деҳаҳоро хароб карда, сокинонашро мекушт, мағлуб кардан мехоҳад.
Холс дар роҳ бисёр нохушиҳоро дар шахси гургони нуқрагин ва уқоби бузург во мехўрад. Ниҳоят, ба деҳае мерасад, ки сокинонаш аз дев азоб мекашиданд. Ба туфайли қувва ва часорати худ ў сокинони деҳаро аз моҳй-аждар ва ҳучуми каламушҳо, ки дев фиристодааст, халос менамояд. Барои часорат сокинони деҳа Холсро дўст медоранд.
Боре Холс духтарак Хилдаро, ки дар соҳили баҳр мезист, во мехўрад ва ўро барои дар деҳа зистан даъват менамояд. Баъди ба деҳа омадани духтарак дар деҳа бесарусомонй ва муноқишаҳо сар мезананд. Маълум мешавад, ки ҳилда хоҳари дев аст ва дев ба ў куштани Холсро фармон додааст. Хилда Холсро ба чангалзори тилисм кардашуда фиреб карда мебарад. Вале Холс аз дасти Хилда шамшерро кашида мегирад ва ба одамй будани ў бовар карда, ўро авф менамояд.
Дар ин ҳангом деви хашмгиншуда ба деҳа ҳучум карданй мешавад. Вақти чанги ҳалкунанда фаро мерасад, ки дар он некй бадиро мағлуб месозад.

Ҳозиркунанда:
Муҳарам Комилова

Мутарчим:
Шарофиддин Нуриддинов

[Боз гашт]