2005 Naison Group
free counters



Rambler's Top100

Рейтинг@Mail.ru

SpyLOG



КИНОФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛХАЛҚИИ "ДИДОР"

Пойтахти Чумҳурии Точикистон - шаҳри Душанбе дар арафаи иди 80-солагии хеш ва маросими 75-солагии кинои точик чун дар вақтҳои гузаштаи нек боз дўстони худ киниматографистони Осиёи Марказй, Афғонистон, Озарбойчон, Гурчистон, Эрон ва Русияро ба кинофестивали якуми байналхалқии "Дидор" чамъ овард, ки он 12-16 октябри соли чорй шуда гузашт. Ин воқеаи муҳими байналхалқй баъди солҳои дарози сукунат барпо шуд. Дар ин хизмати шоистаи ташкилкунандааш - Агентии Швейтсария оид ба тараққийт ва ҳамкорй (SCO) ва Чамъияти масъулияташ маҳдуди "Киносервис" кам нест.
Кинофестивали якуми байналхалқии "Дидор" бо дастгирии расмии Ҳукумати кишвар, Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Чумҳурии Точикистон, Ҳукумати шаҳри Душанбе, Иттифоқи кинематографистони Чумҳурии Точикистон, киностудияи "Точикфилм", сафоратҳои Франсия, Афғонистон, Қазоқистон дар Чумҳурии Точикистон ва дигарон ташкил карда шуд.
Чодари зебо навишташудаи Фестивал дар Хонаи кино, хониши ҳофиз Мусаввар Митнаков аз ансанбли "Равшандилони Рўшон" диққати шаҳриҳо ва меҳмононро,ки ба кушодашавии иди кино шитоб мекарданд, ба худ чалб менамуд.
Пардаи сафед оҳиста поён карда мешавад. Дар назди назари тамошобинон дар пештоқи Хонаи кино лавҳаи ёдгорй бо номҳои патриархҳои экрани точик Иброҳим Барамиков, Бимболат Ватаев, Маҳмудчон Воҳидов, Зоҳира Дўстматов, Гурминч Завқибеков, Комил Ёрматов, Борис Кимёгаров, Ато Муҳамадчонов, Тоҳир Собиров, София Тўйбаева, Муҳаммадчон Қосимов пайдо мешавад. Ва ҳамин лаҳза дар хотири мо кадрҳо аз филмҳои бо иштироки ин устодони машҳури кинои точик ба навор гирифташуда, ки хизматашон дар таърихи кинои точик бебаҳо мебошад, пайдо мешаванд.

Баъд ҳамаро ба толори Хонаи кино даъват менамоянд. Ҳунарпешаи Мардумии Точикистон Марат Орипов ҳамроҳи тарчумон фестивалро кушода эълон намуда, суханро ба мушовири давлатии Президенти Чумҳурии Точикистон Кароматулло Олимов дод, ки ў номаи табрикии Президенти Чумҳурии Точикистонро ба иштирокчиён ва меҳмонони Кинофестивали байналхалқии "Дидор" хонда дод:

Иштирокчиёни мўҳтарами Кинофестивали якуми байналхалқии "Дидор"! Ман хушнудам, ки шуморо дар замини қадимаи точикон дар рўзҳои чашнгирии 75-солагии кинои точик ва арафаи иди 80-солагии Душанбе - пойтахти Чумҳурии Точикистон самимона табрик намоям. Вохўрии кинематографистон барои мустаҳкам кардани робитаҳои фарҳангии байни кишварҳои мо хеле муҳим аст. Дар солҳои охир мо на як маротиба хушнудй аз вохўрй бо намояндагони конфессияхои бисёр кишварҳо шодии бепоёнро хис намудем. Кинофестивали байналхалқии "Дидор" - падидаи нахустинест, ки дар зери болҳои хеш кинематографистонро ба Душанбе чамъ овард. Боварй дорам, ки шумо чизи намоиш медодагй ва бо ҳамдигар оиди кадом масъалаҳо ҳарф заданро доред, мулоқоти шумо судбахш хоҳад шуд ва ба кори начиби таъсири ҳамдигарии фарҳангҳо хизмат мерасонад. Санъати кино дар тарбияи маънавию ахлоқии чомеа, хусусан насли наврас, ташаккули худшиносии миллй ва ҳиссиёти ватандўстй, мусоидат ба тараққиёт роли калонро мебозад ва барои нияту корнамоиҳои нек фазоҳо мекушояд. Вазифаи муҳимтарини кинематограф - инъикоси тақдири халқ. Филмҳои киностудияи "Точикфилм", ки дар эчод кардани онҳо намояндагони бисёр кишварҳои имрўз дар Кинофестивали байналхалқии "Дидор" иштироккунанда низ ҳисса гузоштаанд, мукофотҳои кинофестивалҳои бонуфузтаринро гирифтаанд. Сулҳу оромии кишвари соҳибистиқлоли мо ба ходимони эчодй барои эчод кардани асарҳои баландсанъат, ки анъанаҳои миллй, арзишҳои ахлоқии абадиро инъикос менамоянд, шароитҳои васъ фароҳам меоваранд. Кинематографистҳои точик, чун ҳампешагони онҳо аз Озарбойчон, Афғонистон, Гурчистон, Эрон, Қазоқистон, Қиргизистон, Русия, Франсия, Ўзбекистан ва кишварҳои дигар, аз ин имкониятҳо илҳом гирифта, кўшиш менамоянд, ки асарҳои кино ибо рўҳи бунёдкоронаи вақт ҳамоҳангро эчод намоянд. Дўстони азиз! Умед дорам, ки Кинофестивали байналхалқии "Дидор" иди ҳақиқии санъат ва ҳамкорй мегардад. Ба шумо ба хотири мувофиқат ва гул-гулшукуфии ҳамаи кишварҳо муваффақиятҳои нави эчодй орзу менамоям.

Иштирокчиён ва меҳмонони Фестивали байналхалқии "Дидор"-ро ьа муносибати 75-солагии кинои точик Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Чумҳурии Точикистон Абдучаббор Азизович Раҳмонов, Муовини раиси шаҳри Душанбе Маҳбуба Нуриддинова табрик намуданд ва барори кору чустучўи эчодй орзу карданд. Аз номи Агентии оид ба тараққиёт ва ҳамкории Швейтсария (SDC), ки дар Чумҳурии Точикистон ба воситаи офис оид ба ҳамкорй (SDO) маъруфй шудааст, иштирокчиён ва меҳмонони фестивалро Даниэл Тсюст табрик намуда, қайд намуд, ки кино - ин на ҳашамати зиндагй, балки худи зиндагй мебошад. Дар муддати даҳсолаҳо Точикистон бо бартарй дар соҳаи анъанаҳои фарҳангй маълум аст. Дар солҳои соҳибистиқлолии Точикистон кинематографистон бисёр филмҳо эчод намуданд, ки онҳо дар чаҳон, аз чумла дар Швейтсария, маълуманд. Фестивали байналхалқии "Дидор" ба режисёрҳои чавон имкон медиҳад, ки на фақат бо устодони кинои хоричй тачриба иваз намоянд, инчунин ба санъати кино саҳми худро гузоранд.

Ҳукумати Швейтсария бо завқи бузург кинофестивали "Дидор"-ро дастгирй намуд. Дар табрикоти худ намояндаи Ҳукумати Швейтсария хабар дод, ки моҳи майи соли чорй дар шаҳри Фридбург (Швейтсария) кинофестивал барпо шуд, ки дар он намояндагони Чумҳурии Точикистон ширкат варзиданд. Шиносоиҳои нав ва робитаҳои зич бо устодони кинои хоричй ба дўстони точики мо бисёр ғояҳои навро бахшиданд. Ҳукумати Швейтсария минбаъд низ фарҳанги бои Осиёи Марказиро дастгирй карданист. Дар суханронии худ ў ба ҳокимияти маҳаллй ва сохторҳои давлати барои мусоидат ба гузаронидани ин воқеаи фарҳангии муҳим миннатдории калон изҳор намуд.

Раиси Иттифоқи кинематографистони ИДМ ва Балтия, кинодраматурги намоён Рустам Иброҳимбеков дар суханронии хеш изҳор намуд: "Ман аз имконияти ба шаҳри дўстдоштаам, ба назди дўстонам омадан шодам, то ки ҳамаи шуморо аз номи ташкилоти муттаҳидкунандаи понздаҳ Иттифоқи кинематографистони собиқ СССР, ҳоло Евроосиё, табрик намоям. Муҳим нест, ки ин толор ҳамагй 150-200 нафарро чойгир менамояд. Муҳимаш он аст, ки барномаи фестивал кушода шавад ва фаҳмо мешавад, ки ин барнома чй қадар мароқангез ва гуногун аст. Гарчи дарачаи фестивалро барномаи он муайян менамояд ва жюри шумо, ки ба он яке аз режисёрҳои барчастаи кинои ҳозираи Эрон Мўҳсин Махмалбоф роҳбарй менамояд, хуб бисёр аст. Ва, бешубҳа, меҳмоннавозии точикй, ки доимо халқи точикро фарқ кунонда меистад, аён аст. Ба ақидаи ман, дар харитаи кинематографияи чаҳон боз як кинофестивали чиддй пайдо шуд."

Раиси Иттифоқи кинематографистони Точикистон Мунаввар Мансурхочаев зеринро изҳон намуд: "Роҳ ба ин фестивал дуру дароз буд. Дар хотир дорам, ки чй тавр панч сол қабл аз ин мо ҳамроҳи кинорежиссер Сафар Ҳақдодов дар кўчаҳои Новороссийск сайр мекардем. Он вақт нияти гузаронидани фестивали имрўза, чи гуна будани рамз ва эмблемаи он пайдо шуда буд. Ба муносибати 60-солагии кинои точик ба мо лўхтакчаҳои миллй дар образи домоду арўс тақдим карда буданд ва мо қарор додем, ки онро чун рамзи фестивал истифода намоем. Ин солҳо командаи беҳтарин ташкил шуд, ки мақсади панч сол қабл гузошташударо амалй намуд. Фестивали якум - ин ҳама вақт кори мураккаб аст, чунки бояд истеъдоди баланди гузаронидани форумҳои киноро доштан даркор аст. Пеш аз оғози фестивал мо шоҳиди маросими таъсирбахш шудем, ки он кушодашавии лавҳаҳои хотиравии патриархҳои бузурги кинематографияи точик буд. Ва ман боварй дорам, ки рўҳи онҳо ҳамроҳи мо иштирок дорад. Меҳнати бузурги патриархҳои кинематография, тачриба ва истеъдод аз насл ба насл дода мешавад. Комёбиҳои кинематографияи точик дар кадом гўшаю канори дунё набошад, ба ин гувоҳй медиҳад."

Сафар Ҳақдодов - Директори генералии кинофестивали "Дидор" дар суханронии худ ба спонсорҳо ва ҳамаи онҳое, ки дар гузаронидани ин иди бисёр хуби кино ширкат варзиданд миннатдории самимй изҳор намуд: "Ман шахсан ба чаноби Мўҳсин Махмалбоф, режисёри намоёни кинематографияи Эрон, барои ёрй дар тайёр кардани фестивал миннатдорам."
Бо ҳамин маросими кушодашавии кинофестивали "Дидор" ба охир расид.
Ба онҳое, ки киноро дўст медоранд, дар давоми якчанд рўз имконияти беҳамтои тамошо кардани барномаи гуногуни кинофестивал дар хонаи кино ва толори овалии собиқ Филармонияи давлатй фароҳам оварда шуд.
Ҳар оғоз, агарчи ғамангез бошад ҳам, охир дорад. Ҳамин тавр дар кинофестивали "Дидор" пўшидашавии тантанавй буд, ки дар бинои зебои шаҳри Душанбе - Театри опера ва балети ба номи С. Айнй барпо шуд. Ва боз Ҳунарпешаи Мардумии Точикистон Марат Орипов ҳамроҳи тарчумон меҳмонону тамошобинонро табрик гуфта, бо иштирокчиёни кинофестивали "Дидор" шинос менамоянд:
Абикеева Гулнора (Қазоқистон)
Габдулин Саид (Қазоқистон)
Абдукаликов Актам (Қирғизистон)
Гулбара Толомушева (Қирғизистон)
Георгий Обашвили (Гурчистон)
Чамшед Усмонов (Точикистон)
Латиф Аҳмадй (Афғонистон)
Комрон Шердил (Эрон)
Мирвайс Рикоб (Афғонистон)
Муҳсин Махмалбоф (Эрон)
Майрам Юсупова (Точикистон - Русия)
Марат Сарулу (Қирғизистон)
Мирбола Салимов (Озарбойчон)
Марина Гулбаҳорй (Афғонистон)
Нарин Иглик (Қазоқистон)
Турди Нодиров (Ўзбекистон)
Мирвайс Аҳмадй (Афғонистон)
Сабзали Шарипов (Точикистон)
Сиддиқ Бармак (Афғонистон)
Умед Мирзоширинов (Точикистон)
Ҳумоюн Поиз (Афғонистон)
Эрнест Абдижапаров (Қирғизистон)
Жарж Қурбокони (Эрон)
Илҳоми Хоксор (Эрон)
Нигора Искандарпар (Эрон)
Марзия Мушкини (Эрон)
Амирон Махмалбоф (Эрон)
Пўлотов Самандар (Точикстон)

Ба ҳайати Жюрии байналхалқии Кинофестивали байналхалқии "Дидор" зерин дохил шуданд:
Раис:
Муҳсин Махмалбоф (Эрон)
Аъзоёни жюри:
Гулнора Абикеева (Қазоқистон)
Майрам Юсупова (Точикистон -Русия)
Актан Абдукаликов (Қирғизистон)
Сиддиқ Бармак (Афғонистон)
Сабзалй Шарипов (Точикстон)
Чамшед Усмонов (Точикстон)

Ниҳоят лаҳзаи муҳимтарин фаро расид, ки аз эълони ғолибони кинофестивали борат буд.
Дар зери чапакзаниҳои пурғулғула мукофоти таваччуҳи тамошобин ба филми "Мучассамаи ишқ"-и режиссёр Умед Мирзоширинов (Точикистон) дода шуд.
Мукофот барои тачассум намудани баландсанъти мавзўи дўстии халқҳо ба филми "Пиразанон"-и режиссёр Геннадий Сидоров (Русия) дода шуд.
Мукофот (ҳайкалчаи нуқрагин) барои ичрои беҳтарини роли зан дар филми "Номи ман Тарона. Ман 15-сола"-и режиссёр Расул Садр Амели (Эрон) ба актриса Тарона Алидустй дода шуд.
Мукофоти жюри (ҳайкалчаи нуқрагин) барои режиссураи беҳтарин ба филми "Дарёи пурталотум, баҳри ором" -и режиссёр Марат Сарулу (Қазоқистон) дода шуд.

Мукофот барои тасвири оригиналии мавзўи ишқ ба филми "Сатҳи баҳр"-и режиссёра Георгий Обашвили (Гурчистон) дода шуд.
Мукофоти махсус аз мачаллаи эронии "Филм" ба филми "Кобул синамо" ("Кабулфильм") -и режиссёр Мирвайс Рикаб (Афғонистон) дода шуд.
Мукофоти Иттиҳоди кинематиграфистони Точикистон ба филми "Сангсоркунй"-и режиссёр Латиф Ахмадй (Афғонистон) дода шуд.
Гран-при (ҳайкалчаи тиллой) барои филми пурраметражи бадей, барои реализм, юмор, оптимизм ба филми "Управаи деҳа"-и режиссёр Эрнест Абдыжапаров (Қирғизистон) дода шуд.

Хонаи кинои Махмалбоф (Эрон) ва Кинофестивали байналхалқии "Дидор" грантҳо ба андозаи 2000 (ду ҳазор) долларй барои офаридани филмҳои кўтоҳметражи бадей ба кинематиграфистони чавон ва боистедод Мизроб Нуъмонов, Аловиддин Абдуллаев, Денис Мечетов, Шаҳриёр Назарй чудо намуданд. Инчунин барои офаридани филми аниматсионй ба Бахтиёр Каҳҳоров грант дар андозаи 2000 (ду ҳазор) доллар чудо намуданд.
Барои ғолибон ва онҳое, ки ба иди кино омада буданд, нурўҳи дар чумҳурй маълуми "Шамс", сурудхон ва бастакор Далер Назаров, ҳофиз Мусаввар Минаков бо ансамбли "Равшандилони Рўшон" сурудҳо хонданд.

Ҳозиркунанда:
Муҳарам Комилова

Мутарчим:
Шарофиддин Нуриддинов

[Боз гашт]