2005 Naison Group
free counters



Rambler's Top100

Рейтинг@Mail.ru

SpyLOG


 


ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛХАЛҚИИ "ВИДЕОАЙНИЯТ. ЧОЙҲОИ МУҚАДДАСИ ОСИЁИ МАРКАЗЙ"

Барои ҳамаи онҳое, ки дар лоиҳаи Videoidentify иштирок менамоянд ва онҳое, ки санъати видеоро ҳамту дўст медоранд ва қадр менамоянд, ниҳоят, воқеаи дилхоҳ фаро расид - фестивали дар шаҳри Алмато (Қазоқистон) 20-21 октябри соли 2004 барпошуда. Ин тамошоро Маркази оид ба санъати ҳозиразамони Сорос (Алмаато, Қазокистон) бо дастгирии молиявии Бунёди Кристенсен (Иёлоти Муттаҳидаи Америка) ташкил намуд. Бунёди Кристенсен соли 1957 дар Сан-Франсиско барои дастгирии рушди санъати ҳозиразамон ва баъзе соҳаҳои илм таъсис шудааст.
Қариб як соли тамом Маркази оид ба санъати ҳозиразамони Сорос (Алмаато) ба ин рўзҳои фестивалй тайёрй дид.
Худи мавзўи фестивал "Видеоайният. Чойҳои муқаддаси осиёи марказй"-ро вазъияти ин минтақа, ки дар он мачмўи конфессияҳо ба таври осоишта ҳамзистй доранд ва таърихи мураккаби Осиёи Марказй, бисёрмиллатии аҳолй, ба ҳам омехташавии фарҳангҳои зиёд ва гуногунии ландшафтҳо, мавчудияти мачмўи ёдгориҳои меъморй ва табий тақозо менамояд. Шакли дилхоҳи миллатгароии чангчўёна ва оштинопазирии динй ба мочароҳои чангй ва амалҳои террористй меоваранд, ки ба талафоти бебозгашт, аз чумла талафоти фарҳангй, меоваранд. Яке аз хусусиятҳои менталитети Осиёи Марказй муносибати эҳтиромона ба конфессия, ақоиди динй ва фарҳанги дилхоҳ мебошад. Ин лоиҳа, ки аз якчанд давр иборат аст, аз ба воситаи видеоарт ба тарзи нав сарфаҳм рафтан, пурзўр кардан, тараққй додан ва саҳеҳ намудани ин ғоя иборат мебошад.
Даври якуми лоиҳаи VideoIdentity-и Осиёи Марказй семинарии назариявй буд, ки моҳи марти соли чорй дар пойтахти Точикистон - Душанбе гузаронида шуд. Он ба арзишҳои таърихй, фарҳангй ва чуғрофии меъморию ландшафтии маҳалҳои динй бахшида шуда буд. Оид ба ин давр озмун барои шаҳрвандони

 Қазоқистон, Қирғизистон, Точикистон ва Ўзбекистон эълон шуда буд. Интихоби шунавандагони семинарро Идораи Маркази оид ба санъати ҳозиразамони Сорос (Алмаато) дар асоси дархости шахсони ба ин проблема мароқ зоҳиркунанда (рассомон, косибон, таърихшиносон, олимони соҳаи фолклор,

 рўзноманигорон) гузаронд. Ба озмун аз Қазоқистон 28 дархост, аз Точикистон 9 дархост, аз Ўзбекистон 7 дархост ва аз Қирғизистон 15 дархост расид. Аз дархостҳои расида 11 дархост аз Қазоқистон, 9 дархост аз Точикистон, 8 дархост аз Қирғизистон ва 6 дархост аз Ўзбекистон озмунро гузаштанд.Дар семинар лексияҳои мароқангез дар шакли сўҳбати олимон аз Қазоқистон - С. Ажигали, Точикистон - Л. Додхудоева, Ўзбекистон - Г. Дресвянская, Қирғизистон - Б.  Аманбоева, ИМА - Э. Бернбаум шунида шуданд. 



Даври дуюм устохона-синфи техникии "Видеоартро чй тавр эчод кард" буд, ки дар Маркази санъати ҳозиразамони Сорос (Алмаато, Қазоқистон) 19-22 апрели соли 2004 барпо шуд. Озмун барои шаҳрвандони Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон ва Точикистон, ки хоҳиши соҳибмалакаи эчод кардани видеоарт бо татбиқи минбаъда дар фаъолият дар соҳаи санъати электронй доштанд, эълон шуда буд. Ба озмун 21 дархост аз Қазоқистон, 17 дархост аз Точикистон, 12 дархост аз Ўзбекистон ва 14 дархост аз Қирғизистон расид. Аз дархостҳои расида 6 дархост аз Қазоқистон, 6 даркост аз Точикистон, 6 дархост аз

 Қирғизистон ва 6 дархост аз Ўзбекистон аз озмун гузаштанд. Дарси маҳорати "Видеоартро чй тавр эчод кард"-ро Анна Колоскова ва Максим Илюхин гузарониданд.
Даври сеюм озмуни грантй буд. Озмун барои рассомон, гурўҳҳои эчодй, ассотсиатсияву иттиҳодияҳои Қазоқистон, Точикистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон эълон шуда буд. Аз рўи натичаҳои озмуни грантй аъзоёни Шўрои экспертии Маркази санъати ҳозиразамони Сорос - Алмаато қарор намуданд, ки ба иштирокчиёни зерин грантҳо (пул ва тачҳизот барои амалй намудани ғояҳои хеш) чудо карда шаванд:
Точикистон
Чамшед Холиқов
Усмон Аҳмедов
Сурайё Тўйчиева
Акмал ҳасанов
Алишер Примқулов
Қирғизистон
Боронилов, Москалев
Сейталиев, Боконбаев
Ольга Макеева (Мансуров - Ўзбекистон, Тимошенко - Қазоқистон)
Морозов Иван
Ўзбекистон
Елена Камбина
Александр Николаев
Вячеслав Усеинов
Сергей Тычина
Вячеслав Ахунов
Қазоқистон
Саид Атабеков
Рафаэль Слекенов
Айгерим Тажи
Владимир Хан
Валерий Калиев
Наталия Дю

"Видеоайният. Чойҳои муқаддаси Осиёи Марказй" 
даври чоруми
фестивал шуд. Интихоби асарҳоро ба фестивал Шўрои экспертии Осиёи Марказй дар шаҳри Алмаато гузаронид. Номзадҳои зерин аз озмун гузаштанд ва даъват карда шуда буданд:
Точикистон
Акмал Ҳасанов, "Садо аз абадият", 2004. 8 дақиқа.
Сурайё Тўйчиева, "Буддо чиро хоб мебинад?", 2004. 6 дақиқа ва 40 сония.
Алишер Примқулов, "Гулҳои бадй, ё оид ба сарсониҳои абадй ва танҳой", 2004. 15 дақиқа.
Чамшед Холиқов и Муҳарам Комилова, "Хобби неонй", 2004. 6 дақиқа ва 45 сония.
Ўзбекистон
Сергей Тычина, "Моҳиҳои лойқавй", 2004. 10 дақиқа ва 37 сония; "Кунч", 2004. 9 дақиқа ва 13 сония.
Вячеслав Усеинов, "Интервали тасодуфҳо", 2004. 12 дақиқа. Александр Николаев, "Моҳиҳо", 2004. 4 дақиқа; "Шаман", 2004. 3 дақиқа.
Елена Камбина, "Сарзамини махавҳо", 2004. 9 дақиқа.
Вячеслав Ахунов, "Болобарой", 2004. 11 дақиқа; "Ғирғирак", 2004. 10 дақиқа.
Ольга Макеева (Бишкек, Қирғизистон), Константин Тимошенко (Алмаато, Қазоқистон), Заур Мансуров (Тошкент, Ўзбекистон), "Манораҳои канда", 2004. 9 дақиқа ва 26 сония.
Қирғизистон
Улан Чапаров, "Киштй шинно мекунад", 2004. 3 дақиқа.
Улан Чапаров и Гамал Боконбаев, "Муқаддас донистан", 2004. 5 дақиқа.
Максим Боронилов и Роман Маскалев, "Париж", 2004. 15 дақиқа.
Адис Сейталиев, "Қурбонй кардан", 2004. 9 дақиқа.
Иван Морозов, "Дар чустучўи муқаддасот", 2004. 15 дақиқа.
Гулнора Касмалиева и Муратбек Чумалиев, "Шам", 2004. 3 дақиқа 40 сония.
Ольга Макеева (Бишкек, Қирғизистон), Константин Тимошенко (Алмаато, Қазоқистон), Заур Мансуров (Тошкент, Ўзбекистон), "Манораҳои канда", 2004. 9 дақиқа ва 26 сония.
Қазоқистон
Алмагул Менлибоева, "Бароккои даштй", 2003. 15 дақиқа; "Чиҳод", 2004. 5 дақиқа; "Шикори гўсфандон", 2004. 20 дақиқа.
Алла Гирик и Оксана Шаталова, "Чуқурй", 2004. 6 дақиқа ва 24 сония;
"Шаҳри тобонтарин", 2004. 2 дақиқа ва 18 сония.
Саид (Абилсаид) Атабеков, "Киштии Нўҳ", 2004. 30 дақиқа.
Валерий Калиев, "Чаро Ленин?", 2004. 6 дақиқа ва 40 сония.
Рафаэл Слекенов, "Замин барои сўфиён", 2004. 17 дақиқа.
Тимур Исалиев, "Чилимкаш", 2004. 6 дақиқа ва 20 сония.
Александр Угай, "Хоккуи аралй", 2002. 6 дақиқа; Александр Угай и Роман Маскалев (Қирғизистон), "Ғамгинон", 2003. 15 дақиқа.
Владимир Хан, "Сангҳо", 2004. 41 дақиқа.
Константин Тимошенко, "Сарчашма", 2004. 5 дақиқа.
Бахытжан Аширбаев, "Тағйирот", 1997-2001. 14 дақиқа.
Марат Сагитов, "Олхон", 2004. 13 дақиқа.
Максим и Валерий Задарновские, "Био-туалет", 2003. 2 дақиқа ва 6 сония.
Ахмет Ахат, "Дарвеши мақсадрав", 2003. 12 дақиқа.

38 филми 33 муаллиф даври интихобиро гузаштанд ва дар экрани Театри драмавии Чумҳуриявии немисии шаҳри Алмаато дар давоми ду рўз намоиш дода шуданд. Фестивалро Директори Маркази Санъати ҳозиразамони Сорос-Алмаато Валерия Ибраева кушода, Шўрои мутобиқсозии фестивалро дар шахси санъатшинос Камила Виталйевна Ли, мутобиқсози лоиҳа Алия Шарипбоева, рассом Ербосин Мелдибеков (Қазоқистон), режиссер Далера Раҳматов (Точикистон), рассом Муратбек Чумалиев (Қирғизистон), рассом Дмитрий Охунбобоев (Ўзбекистон) маъруфй намуд.

Дар навбати худ, Шўрои мутобиқсозй таассуроти хешро оид ба рафти кор нисбати лоиҳа баён намуд. Касе ҳазломез изҳор намуд, ки сохтанду сохтанду ниҳоят бино карданд. Умед доранд, ки тамошобинон пароканда намешаванд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки дар тамоми марҳалаҳои лоиҳа кишварҳои ҳамсояро бисёр диданд, Буддои чордаҳметриро диданд, дар сояи чинори якасраи Қалъаи Ҳисор нишастанд, ҳамдигарро дўст доштанд. Дигарҳо изҳор менамуданд, ки ин лоиҳаи шоёни диққат чун оғози ҳаёти бузург дар минтақаҳои Осиёи Марказй хизмат хоҳад кард.
Баъд аз тамошои филмҳо дар тамошобинон ва мунаққидон эҳсосоти гуногун пайдо шуд. Дар зери чапакзаниҳои гоҳ-гоҳ ё бардавом оид ба таассури толор нисбати ин ё он филм хулоса баровардан мумкин буд. Аз мунаққидон ҳама гап шунидаанд. Гўё онҳо бо ҳамдигар маслиҳат намуда, барои санъат мубориза мебурданд, ки дар он Ким-кадом қонуният ва меъёрҳо вучуд доранд. Вақти дур шудан аз анъанаҳои бетағйири видеоарти классикй расидааст. Вагарна ҳамаи моро малолати аз ҳад зиёд мағлуб мекунад. Меҳмонони хоричиро ахлоқи баланди филмҳои пешниҳодшуда мутаассир сохт. Комилан фаҳмост, ки ҳар касс мавқеи худро мувофиқи завқ ва идроки худ муайян намуд.
Ба ҳар ҳол, дар фестивал филмҳои бад набуданд, чунки онҳо марҳилаи интихобиро гузаштанд. Муаллифон кўшиш намуданд, ки дар чаҳондарккунии хеш индивидуалй бошанд. Дар кадом дарача ба мақсад расидани онҳоро танҳо тамошобин баҳо дода метавонад. Эҳтимол, ба баъзе аз асарҳо Каме корозмудагй ва мукаммалии мантиқй намерасид, ба дигарҳо бошад - зарофат (юмор). Ба туфайли кўшишҳои олиҳимматонаи Маркази санъати ҳозиразамони Сорос-Алмаато, ки барои азхуд намудани алифу беи видеоарт ёрй расонид, навкорони аввалин маротиба бо тамоюли нави санъати
ҳозиразамон (дар минтақа) дучоромада, чй қадаре тавонистанд кўшиш ба харч доданд, ва аз онҳои дар ин соҳа пешрафта кам набуданд. Майли шарқиёна ба зебой, фалсафаи амиқ, лирикй будан, ҳолати рўҳии инсон, бигзор якқадар тавсифият ва махсусият, як чизи нав дохил намуд, ки он тасаввуроти ғарбии бо рўҳафтодагй ва тачовузкорй ифодашуда фарқ менамояд. Менталитети шарқй чунон дақиқ ва фасеҳ аст, ки барои дарк кардани он рўҳро бо фаҳмиши чаҳони шарқй соз бояд кард. Ба он ҳақиқат иқрор бояд шуд, ки умуман асарҳои фестивалй фикр кардан, хандидан, баъзан ба ғазаб омаданро мачбур сохтанд, пас, муаллифон ба мақсади асосй, ки аз қобилияти дар тамошобин пайдо кардани эҳсосоти гуногун иборат аст, расиданд. Мунаққиди адабй ва нависанда Томас МакИвли (ИМА) дар давоми ним соат ба аз видеоарт иттилои нокифоя доштаҳо кўшиши фаҳмонидани онро намуд, ки ба ин мафҳум дар маънои таърихиаш чиҳо дохил мешаванд, ин идомаи анъанаи кинои авангардй дар дасти ғайримутахассисон буда, номукаммал буданаш мумкин аст. Ин кўшиши Томас МакИвли, эҳтимол тасодуфй набуд.
Дар охир, авчи аълои фестивал аз мукофотонидани муаллифони асарҳои беҳтарин буд.
Жюри байналхалқии фестивал:
Сакен Наринов, рассом (Қазоқистон)
Парвиз Қурбанов, кинорежиссёр (Точикистон)
Олег Карпов, директори Музеи кино (Ўзбекистон)
Фурқат Турсунов, кино- ва телережиссёр (Қирғизистон)
Томас МакИвли, мунаққиди адабй (ИМА)
Чарльз Эшче, роҳбар, директори ВанАббеМузеум (Нидерландия)
Мукофоти якум ба филми "Киштии Нўҳ"-и Саид Атабеков (Чимкент, Қазоқистон) дода шуд.
Мукофоти дуюм ба филми "Сангҳо"-и Владимир Хан (Алмаато, Қазоқистон) дода шуд.
Се чои сеюмро филмҳои зерин гирифтанд:
"Бароккои даштй"-и Алмагул Менлибоева (Алмаато, Қазоқистон)
"Ғамгинон"-и Александр Угай (Алмаато, Қазоқистон)
"Шам"-и Гулнора Касмалиева ва Муратбек Чумалиев (Қирғизистон)
Мукофоти ҳавасмандкунанда ба Елена Камбина барои филми "Сарзамини махавҳо" (Чирчиқ, Ўзбекистон) дода шуд.
Бо дипломи "Ҳалли нодиртарин" Александр Николаев барои филми "Шаман" (Тошкент, Ўзбекистон) мукофотонида шуд.
Ба Мукофоти таваччўҳи тамошобинон Вячеслав Ахунов (Тошкент, Ўзбекистон) сазовор дониста шуд.
Ба барномаи фестивал филмҳои берун аз озмун (дар монитори хурд намоиш дода шуданд), консертҳои antyparty Я gang, гурўҳҳои Sample Brothers ва Санулим Самульнори, инчунин презентатсияи лоиҳаи VisArt/Central Asia (коромўзй дар ИМА) дохил карда шуда буданд.
То вохўриҳои нав, фестивал!
Ва боз. Аз номи тамоми гурўҳи точикй, ки дар фестивал ширкат варзид, ба Маркази санъати ҳозиразамони Сорос (Алмаато, Қазоқистон) барои кўмаки молиявй дар амалй сохтани ғояҳои бадей ташаккури самимона изҳор менамоем.

Ҳозиркунанда:
Муҳарам Комилова

Мутарчим:
Шарофиддин Нуриддинов

[Боз гашт]