2005 Naison Group
free counters



Rambler's Top100

Рейтинг@Mail.ru

SpyLOG



«ОЯНДАСОЗ» - БАРНОМАИ НАВИ БАХШИ ТОЧИКИИ РАДИОИ «ОЗОДЙ»

Дар толори консертии Филармонияи давлатии Точикистон (шаҳри Душанбе) аншлаг. Ба ин чо одамони хурду калон барои дидани ситораҳои эстрадаи точик чамъ омадаанд. Ташкилкунандаи ин иқдоми фарҳангй бахши точикии радиои «Озодй» буд, ки дар Чумҳурии Точикистон аз солим 1998 ба таври расмй амал менамояд.
Баррандаи пурҳарорат Хиромон Бақозода бо энергияи ба тамошобинон рўҳи хурсандй бахшанда эълон намуд, кт консерти имрўза тасодуфй нест. Он ба кушодашавии барномаи нави чавонон «Ояндасоз» бахшида шудааст. Ки бо дархости сершумори шунавандагони чавони бахши точикии радиои «Озодй» тавлид ёфт. Ҳар рўз барномаи «Ояндасоз» -ро дар мавчҳои зерин шунидан мумкин аст:

06.00 – 07.00 31 ва 60 метр
07.00 – 08.00 31 ва 60 метр
08.00 – 09.00 19, 25 и 31 метр
19.00 – 20.00 16 ва 19 метр
20.00 – 21.00 19, 25 ва 31 метр
21.00 – 22.00 19, 31 ва 41 метр
инчунин дар интернет-сайти www.ozodi.org
Мо умед дорем, ки барномаи «Ояндасоз» доираи шунавандагони содиқи худро васеъ менамояд. Ин барнома кўшиш ба харч медиҳад, ки истеъдодҳои чавонро пайдо ва дастгирй намояд, пролблемаҳои муҳимтаринро бардошта, ба саволҳои ҳаячоновари чомеа чавоб диҳад. Мо чавононро даъват менамоем, ки дар сохтмони чомеаи оянда беэътино ва бепарво набошанд.

Баъд Хиромон қаҳрамони ояндаи барномаи «Ояндасоз» Точиддин Чалолов – намояндаи муассисаи чамъиятии гайриҳукуматии «Рангинпараст» -ро маъруфй намуд. Ў на қл кард, ки муассиса ба зиёда аз 200 писарбача ёрй расонд ва фаъолияти хурдр аз вохўрй бо бачагоне, ки дар бозори «Роҳи абрешим» автомашинаҳо мешустанд, оғоз намуд. Ба яке аз писарбачагон, ки дар оилаи серфарзанди бесаробон ба воя мерасид, муассисаи чамъиятии гайриҳукуматии «Рангинпараст» барои соҳибичои кор шудан, ба расмият даровардани ҳуччатҳо , хатм намудани мактаби миёна ёрй расонд. Имсол бошад, ин писарбача ба яке аз мактабҳои олии бонуфузи чумҳурй дохил шуд.
Тамошобинон бо завқи баланд баромади мутриб Сирочиддин Фозилов, яккахони ансанбли «Авесто» Таҳмина Рамазоноваро шуниданд. Аз маврид истифода карда, баранда Хиромон Таҳминаро бо тавлиди писараш Табриз табрик намуд ва пурсид, ки чй тавр ў дар як вақт ҳам ба эчодиёт машғул мешаваду ҳам вазифаи модари чавонро ба чо меорад. Ба савол Таҳмина бо ифтихори ошкоро чавоб дод, ки худи касби яккахонй ўро водор месозад, ки аз ичрои ҳама кор баромада тавонад. Албатта, писари калонй Наврас ва хеле кўчак Табризро тарбия кардан, ба ҳар ду диққати зиёд равона кардан душвориҳо дорад. Таҳмина ба писари кўчакаш Табриз суруди навро бахшидааст, ки онро бо мароқи калон гўш кардан насиби иштирокчиёни консерт шуд.

Сурудхонии чозибадори Фаршеди 5-сола, талабаи мактаби махсуси барои бачагони лаёқатманди ноҳияи Ҳисор касеро бепарво нагузошт. Ба саволи «Барои ҳамсолонат чиро орзу дорй?» чун калонсол чавоб дод, ки онҳо падару модарашонро эҳтиром намоянд ва хуб таҳсил намоянд. Ҳайати таҳририяи барномаи «Ояндасоз» ситораҳои навро дар шахсиятхои Холия Шаҳлоева, Фирўз Баротов, Фарангези Наврўзшоҳ, Шаҳриёр ошкор сохт. Рэп-гурўҳи чавонии «Доктор Эмфир» дар бораи проблемаҳои ҳамватанон дар муҳочират, бекорй ва ғайра сурудҳо хонд. Ба саволи «Оё рэпро барои фарҳанги Точикистон ҳодисаи ғайр намешуморед?», Доктор Эмфир саросема нашуда, ба толор мурочиат намуд, ки оё чавонони Точикистон сурудаҳои ўро дастгирй менамоянд. Дар дар толор чапакзаниҳои бардавом оғоз ёфт, ки ин чавоб ба саволи Хиромони дилрабо буд. Баъзеҳо ба воситаи эчодиёт, мусиқй ва сурудҳо барои ҳал кардани проблемаҳои чавонон ҳисса гузоштанй мешаванд, дигарон чун компанияи «Қонун», ки дар кишварҳои хоричй намояндаги доранд (Дубай, Туркия ва ғайра), дар шахсияти Рустам Мустафоқулов ба таври худ ба ин проблема машғул мешаванд. Рустам мегўяд, ки у 24-сола буда, соҳибкор аст ва аллакай дар давоми 4 сол барои дар чумҳурй чорй кардани технологияи нав кўшиш ба харч дода истодааст. Ба чавонон орзу менамояд, ки аз иқтидори хеш пурра истифода намоянд ва ҳар чй қадар душвор бошад ҳам, ҳеч гоҳ ноумед нашаванд.
Ичрокунандаи 15-солаи рақсҳои миллй Мичгона Ҳакимова рақси нав ба саҳна гузошташудаи «Чавонй» -ро ичро кард. Хиромонию шўхй, ҳис карда тавонистани усули рақс диққати тамошобинонро ба худ чалб менамуд. Ба қарибй Мичгона дар фестивали дуюми бозихои Делфии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Кишинёв) ширкат варзида, барои рақси беҳтарин соҳиби медали тилло шуда буд.
Вақте ки одамон ҳамдигарро дўст медоранд ва ба ҳамдигар хуб муносибат менамоянд, проблемаҳои дилхоҳ бо осонй ҳалли худро меёбанд. Оянда бе муҳаббат шуда наметавонад ва ман муҳаббат ва сурудҳои худро ба шумо тақдим менамоям гўён мэтри эстрадаи точик Далер Назаров баромади хешро оғоз намуд. Ба саволи «Сабаби машҳурии шумо дар чист?» Далер чавоб дод, ки ў ошиқ аст. Дар ичрои Далер Назаров сурудҳои дўстдоштаи тамошобинон садо дод. Тамошобинон ба вачд омада аз толор ҳамовозй менамуданд, дар баъзе чойҳои балкон бошад, чавонон бо оҳанги сурудҳо рақс менамуданд. Толор бисро талаб менамояд.
Дар интиҳои консерт роҳбари бахши точикии радиои «Озодй» Турфе Маъсума ба ҳамаи иштирокчиён минатдорй баён намуда, изҳор намуд, ки моҳи апрели соли оянда ба маКсади дастгирй кардани истеъдодҳои чавон ҳамин гуна иқдомро хоҳад гузаронд.
Барномаи консертИ ба итмом расид. Тамошобинонро боз як сюрприз интизор буд: дар фойеи Филармонияи давлатй футболкаҳои рангоранг бо навиштачоти «Ояндасоз» ва тўҳфаҳои ёдгории дигарро инъом намуданд.

Ҳозиркунанда:
Муҳарам Комилова

Мутарчим:
Шарофиддин Нуриддинов

[Боз гашт]