2005 Naison Group
free counters



Rambler's Top100

Рейтинг@Mail.ru

SpyLOG


ДАСТ – УЗВИ ГЎЯНДАТАРИНИ ИНСОН

11 декабри соли 2004 дар яке аз толорҳои Музеи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод (шаҳри Душанбе) намоиши шахсии суратҳои фотои Носирбек Нарзибеков барпо шуд. Иштиёқмандии рассоми намоёни соҳаи витраж Носирбек Нарзибеков ба санъати фото пурра фаҳмонидашаванда мебошад ва аз вақте сар шуд, ки соли 2002 ў роҳбари пленэр дар вилояти Суғд буд.
Хотироти пуртаъсир оид ба сафар ба шимоли Точикистон бо роҳҳои Исфара, Ворух ва Хучанд ҳамроҳи гурўҳи эчодии «ҳафтранг» ба рассом имкон доданд, ки дарки муҳити хешро ба воситаи суратҳои бадей ифода намояд.

Муддати дароз орзуи ташкил додани намоиши шахсии суратҳои фоторо аз рўи мавзўи нав парварида, Носирбек Нарзибеков, ниҳоят, мақсади хешро амалй гардонд. Ба панди дўстдоштаи хеш – «Кассе метавонад, ў эчод менамояд, вале кассе наметавонад, ў меомўзад» содиқ монда, рассом ин дафъа ба тасвири дастони одамй афзалият дод.

Худи мавзўи намоиши суратҳои фото «Дастҳо» услуби умумии онро муайян менамуд. Даст узви гўяндатарини инсон аст. Чун аслиҳаи тавонои одам, даст иқтидори чисмй ва рўҳиро тачассум менамояд. Дар бисёр фарҳангҳо даст рамзи фаъолияти илоҳй мебошад. Масалан, дасти аз абрҳо бароянда шакли нахустини тасвири рўи авали троитса (тачассуми писари худо, худи худо ва рўҳи муқаддас дар сурати як худо дар дини насронй – эзоҳи мутарчим) буд. Дасти дорандаи кавкаба, шамшер ё держава (кураи тилло бо салиб) рамзи ҳокимият мебошад. Дар анъанаи ҳиндй бисёрдастии худомарду худозанҳо пурқувватшавии бисёркаратаи иқтидору тавоноиии онҳоро мефаҳмонад. Дар ислом даст рамзи панч муқаддасоти асосии шиаъмазҳабҳоро дарбар мегирифт. Дар хиромантия (фолкушой аз рўи кафи даст) кафи даст – ин ландшафти ба худ хоси дорои кўҳҳо, дарёҳо ва водиҳо мебошад. Ҳафт теппа ба ҳафт сайёра мувофиқ меояд.

 Релйефе, ки онҳо ташкил кардаанд, дар бораи характери одам чизи зиёдеро ҳикоя карда метавонад. Мувофиқи ақидаи санъатшиносимаълуми точик Лариса Додхудоева, намоишгоҳи «Дастҳо» доираи меъёру рамзҳои муқаррариро хеле васеъ намуд, он монологи дохилй ба воситаи дастҳо мебошад.
Дар зиёда аз 40 фотосурат, ки рассом ба анмоиш гузоштааст, одамҳои гуногун тасвир карда шудаанд. Дасти лётчик, ки штурвали самолётро дошта истодааст, дасти марде, ки гўсфанд кушта истодааст, дастони фарбеҳаки кўдак, дастони нозуки арўс, дастони рассом ва муаллим, дастони обиланоки шахси калонсол ва ҳатто дастони холкўбшудаи чинояткор ба тамошобин дар бораи хусусиятҳои характери одамони гуногун бе шавқи бардурўғ ҳикоя менамоянд. Бо мушоҳидаи хеле нозук рассом тобишҳои психологии характерҳоро пай мебарад. Худи рассом сабаби рағбати хешро ба санъати фото фаҳмонда истода, қайд намуд: «Кўзаҳо, шишаҳо, мехҳо ва бисёр ашёҳои дигар худи тамошобинро мафтун карда наметавонанд. Вале ҳангоме ки ин ашёҳои на он қадар чолиби диққат ба дасти рассом чун предмети санъат меафтанд, аз шаклҳои кашидашуда ба вачд наомада наметавонад. Ман низ ба мавзўи тасвир кардани дастони одам мурочиат намуда, кўшиш кардам, ки аз анъанаҳои муқаррашуда дур шавам ва худро дар намудҳои дигари санъат дарк намоям. Дар муддати як сол сурати шаҳриҳои оддиро гирифтам. Баъзан ба ман муяссар мешуд, ки лаҳзаҳои тасодуфиро пай бурда ба навор гирам, вале асарҳои саҳнавй низ мавчуданд.»

Зуҳур уричонович Ҳабибуллоев – Рассоми Мардумии Точикистон мегўяд: «Мо ба ақидае одат кардаем, ки рассом ҳама вақт бо рангҳо, гил, қалам тасвир намояд. Вале вақте ки рассом дарки муҳити атрофро бо ёрии фотоаппарат пешниҳод менамояд, барои бисёриҳо ин ғайритабий менамояд. Ба ақидаи ман кадом воситаҳои бадеиро истифода кардани рассом аҳамияте надорад. Муҳимаш он аст, ки ў орзуҳои худро ба воситаи материали тамоман дигар ифода карда метавонад. Ба фикри ман мавзўи намоишгоҳ диққати тамошобинро ба худ чалб кард, ўро мачбур сохт, ки ба муҳити атроф ба таври дигар нигоҳ кунад рассом бошад тавонистааст, ки дунёи ботинии хешро пешкаш намояд. Чунин мешуморам, ки рассоми точик ҳамқадами мафҳумҳои чаҳонй оид ба санъат мебошад. Имрўз рассом бояд универсалй бошад, ки инро нисбати осирбек низ гуфтан мумкин аст. Ў Донишкадаи давлатии санъатро дар Вилнюс соли 1979 хатм кардааст ва дар устохонаи А. Стошкус таълими хуб гирифтааст. Ман шодам, ки имрўз Носирбек Нарзибеков худро дар санъати кулолй, рангҳо ва фотография месанчад. Эчодиёти рассоми асил тамошобинро бояд ба тааччуб оварад ва мафтун созад.»
Бе ҳеч гуна муболиға ба тамошобинон бисёр асарҳо маъқул шуданд, ки онҳо на танҳо сабт дар навор буданд, инчунин аз маҳорати рассом дар ошкор сохтани ҳаёти ҳаррўзаи ҳамзамонони мо гувоҳй медоданд.

Ҳозиркунанда:
Муҳарам Комилова

Мутарчим:
Шарофиддин Нуриддинов

[Боз гашт]